Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Ай дарду ғамот дам ба дам месӯзам,
Монандаи чуби тар ба нам месӯзам.
Фарёд занум, гирди вилоят гардум,
Носуда танум, ки дар кафан месӯзам.
Дунё ба мисоли духтари орус аст,
Монандаи шамъ дар сари фонус аст.
Писар, ки гапи падар нагирад, аҷаб аст.
Безорам аз он писар, ки беномус аст.
Аз кутали Толиқон касе тер нашуд,
Аз мурдани одамӣ замин сер нашуд.
Гуфтум, биравум пеши фалак дод кунум,
Мурдан фарз аст, чаро ҷавон пир нашуд?
Сарчашма баланду боғу бӯстон ватанум,
Оё кӣ кунад гӯр, кӣ дузад кафанум?
Кирмони лаҳад, ки меканан тан-баданум,
Ин хуни сиёҳ мечакад андар кафанум.
Ман мемураму хокум кунед дар Барбар,
Фардо сари хоки ман биёяд духтар.
Эй духтари ҷон, чаро ту дер омадаӣ,
Ман зинда намешавам ба сад соли дигар.
Имсол барои мо чиҳо кард фалак,
Руза зи миёни шаб ҷудо кард фалак.
Дорум ба фалак то ба қиёмат гилае,
Дӯстдора зи дӯсти ӯ ҷудо кард фалак.
Пудинаи лаби ов, хуш меваи тар,
Ру ҷониби ман дориву дил ҷои дигар.
Дилут, ки ба ман намебуд аз рӯзи азал,
Чаро ту дили сӯхта ра кардӣ хабар.
Субҳ, ки бидамид, қасди бедорӣ кун,
Бархезу ба даргоҳи Худо зорӣ кун.
Дар кӯҳнаработ на пир монад, на ҷавон,
Аз гӯшаи охират хабардорӣ кун.
Чашмат наҷаф аст, даври чашмат наҷаф аст,
Ҳар кас, ки туро бинад, насузад, аҷаб аст.
Булбул ба қафас, қафас даруни оташ,
Булбул сузад қафас насузад, аҷаб аст.
Қадат ба мисоли ғимчаи лабобӣ,
Муят ба мисоли чангаки мурғобӣ.
Гуфтум, биравум, даст кунум мурғобӣ,
Чангак бишикасту дастум мондаст холӣ.
Қади алифум мудом хам бошаду хам.
Андар дилукум ҳамеша ғам бошаду ғам.
Дунёра агар дубора ғалбел занум,
Монанди ту нозанин кам бошаду кам.
Саркӯҳи баланд қабои зар гум кардум,
Шаҳбози сафеди резапар гум кардум,
Шаҳбози сафеди резапар гирён шуд,
Баргард биё, ки хонекут вайрон шуд.
Эй дӯст, ба дидори шарифи ту қасам,
Бо ҳар сухану табъи латифи ту қасам.
Бовар накунӣ аҳду қасамҳои маро,
Бар ҳар сари дандони зарифи ту қасам.
Мурғи сиварӣ бонг занад дар гушум,
Дар Пули Сирот ақл бирафту ҳушум.
Ин косаи шарбате, ки бо ҳам хурдем,
Фардо ба таги хоки сиёҳ рупушам.
Кофарбачеке дилма ҳавоӣ кардӣ,
Сандуқи дилум пур ай рубоӣ кардӣ.
Сандуқи дилум пур ай рубоӣ бо ту,
Бемеҳр бачае, охир ҷудоӣ кардӣ.
Имсол фалак ба мо чӣ дилсузӣ кард,
Шодира гирифту ғам ба мо рузӣ кард.
У ҷомаи мардумора гулдузӣ кард,
Навбат, ки ба мо расид, сиёҳпушӣ кард.
Хуб аст Алӣ, хубруй аст Алӣ,
Зебокамари ғулғуламуй аст Алӣ.
Рӯзе, ки Алӣ ба кофаро меҷангид,
Сад найзаи Зулфиқор бо дасти Алӣ.
Рӯзе, ки Алӣ ба ҷанги Хайбар мерафт,
Дулдул ба мисоли боди сарсар мерафт.
Аз ҳайбати Зулфиқор ларзида ҷаҳон,
Сарҳора бурида назди кофар мерафт.
Абр омадау осмона чун мол гирифт,
Зоғ омаду донара ба минқор гирифт.
Дурдонаи дурр ба дасти ундуи сиёҳ,
Ислом гузашту мулка куффор гирифт.
Ай хона баромадӣ, шудум девона,
Ай мардуми бегона харидӣ хона.
Не хона вафо кунад, не бегона,
Баргарду биё даро даруни хона.
Имсол дилум ҳавои абри кутал аст,
Ин рафтани бачекум аз ин гандатар аст.
Ин мулк агар биҳишту ҷаннат гардад,
Безорум аз он, ки бачекум дар сафар аст.
Эй бачаи ҷон, ту бевафоӣ накунӣ,
Бо гуфтаи душманон хатоӣ накунӣ.
Душман ба қадут тулаи зар холӣ кунад.
Ай зар гузару зи ман ҷудоӣ накунӣ.
Аз дур назора мекунум сардарара,
Полези кабуду хонаи якдарара.
Мардумо чидан гулҳои сурхи сарара,
Ба мо мондан гулҳои шабнамзадара.
Аз кӯҳи Ғорон аён-аён мегузарӣ,
Бо корду ғилофу бо камон мегузарӣ.
Ду ҷура сагон дориву як аспи саманд,
Ту дар назарум чу паҳлавон мегузарӣ.
Офтобаки шин-машин руям ба мазор,
Ё Ҳазрати Ҷабраил, дуои бисёр.
Ё Ҳазрати Ҷабраил, бикун осонам,
Шояд, ки ба осонӣ бигирӣ ҷонам.
Чархи фалаки дуруза даврони ман аст,
Сайёди аҷал ба хона меҳмони ман аст.
Сайёди аҷал, ки аз ман ҷон металабад,
Гург аст гурусна, рӯзиаш ҷони ман аст.
Хобум бурдаст таги чанори калатон,
Бедор шудум, ҳамрама бурдаст аламон.
Ҳарчанд давидум, давидум думшон,
Эй чархи фалак, ту кор гардон осон.
Гург омаду ай рамаи чупон заду бурд,
Марг омаду ай хели ҷавонон заду бурд.
Эй гург, зи корди ман хун мерезад,
Шояд, ки туро бимонаду бигрезад.
Умрум бигузашт, умри дигар нест маро,
Бигзашт ҷавониҳо, хабар нест маро.
Сайёди аҷал омаду роҳам бигирифт,
Ин раҳра гирифт, раҳи дигар нест маро.
Эй бачаи ғоронӣ, сарут пайдо нест,
Эй лаъли бадахшонӣ, дилат бар мо нест.
Ханҷар задаӣ рост миёни ҷигарум,
Хун мераваду ҷароҳаташ пайдо нест.
Эй беди баланд, саргаҳат зард шудаст,
Поят ба вилояти дигар банд шудаст.
Дар банд шудаст рангу рухат зард шудаст,
Омадан наметонӣ, дилат танг шудаст.
Сад кош, ки умрукут мукаммал мешуд,
Айёми ҷавониҳот ай сар мешуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё