Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Ай хона баромадум, дилум ҳайронуст,

Чашмам ба раҳу забони ман ларзонуст.

Ними ҷигарум пухтаву нимуш хомуст,

Ними дигарум ба мурданут ҳайронуст.

Булбул ба чаман нолакунон омаду рафт,

Дар шохаи гул сабр наёмад, нанишаст.

Булбул ба забони ҳол бар мо мегуфт,

Ин зиндаҷудоӣ ба сари чандин аст.

(Ҳ)айфи гулукум, гулум гули гулдаста,

(Ҳ)айфи қадукуш ба хонаи дарбаста.

Аз он, ки уро бурдан ба хоки туда,

Санг донаду хоку қолиби носуда.

Як субҳ баромадему рафтем ба роҳ,

Бе тушаву бе музаву бе ҳамраҳи роҳ.

Танро ба замин супурда, ҷонро ба Худо,

Ин қомати нозанин бар хоки сиёҳ.

Ин марг ҳазор хонаро вайрон кард,

Чандин ҷавона ҷонукуш беҷон кард.

Ҳар гавҳари қиммате ҷонуш бигирифт,

Партофт зи по, ба хокушон яксон кард.

Оюм ба раҳи рафтаат, фарёд кунум,

Сад оҳу фиғон аз дили ношод кунум.

Фарёд кунум, садо наояд аз ту,

Хок(ҳ)ора бигирум, ба сарум бод кунум.

Чодар чилу чору барги чодар чилу чор,

Зардинаҷувон дар таги чодар бемор.

Зардинаҷувон миёни олам тоқ аст,

Асли ватани ӯ аз кадом қишлоқ аст.

Чубе, ки ба дасти мутрибон дод фалак,

Камона ба дасти паҳлавон дод фалак.

Сайде, ки ба як тир муяссар нашавад,

Ғамро ба дили пиру ҷавон дод фалак.

Андар саҳарон лоларо шабнам зад,

Гул гашт хазону булбулонро ғам зад.

Ай бохабарон, хабар баред сӯи фалак,

Айёми ҷавониро фалак барҳам зад.

Ёрону бародарон, маро ёд кунед,

Шотуи маро зи чуби шамшод кунед.

Бо гул бандеду бо суман бод кунед,

Бар хоки хунук монед, фарёд кунед.

Дар кӯчаи Ғорон гузарум афтодаст,

Санг аз паси санг бар сарум афтодаст.

Аз даҳшати барфу тармаву чархаву сел,

Ай дида ба рӯ ашки тарум афтодаст.

Модар, ки туро зеби ҷаҳон сохта буд,1

Абрӯи туро мисли камон сохта буд.

Чашони сиёҳи мисли оҳу доштӣ,

Туро ба худуш душмани ҷон сохта буд.

Он ҷо, ки туӣ, бунафшазори Балхуст,

Ин ҷо, ки манам, мудом шомум талхуст.

Шаҳде, ки ту мехурӣ, маро ёд бкун,

Оё чӣ кунум, замину осмон сахтуст.

Он раҳ, ки ту рафтаӣ, аҷаб борикуст,

Шоме, ки ту хуфтаӣ, аҷаб торикуст.

Он роҳ, ки ту рафтаӣ, раҳи Маҷнунуст,

Ай он, ки ту рафтаӣ, дилум пурхунуст.

Ин раҳаки мусофирӣ каҷу печонуст,

Дур рафтани духтарум балои ҷонуст.

Мардум меган, ки рафтануш осонуст,

Осон нестай, чу дарди бедармонуст.

Ёрум дур асту хат равонуш букунум,

Як даста гула баста равонуш букунум.

Як даста гули баста ба пешуш нарасид,

Худма ба даруни хат равонуш букунум.

Эй бачаи ҷонум, ба ту дилгир шудум,

Дер омадиву дар ғамукот пир шудум.

Ман пир шудум, нарафт ғамут ай дили му,

Розӣ ба нависандаи тақдир шудум.

1 Гӯянда: Асадбекова Садбарг (1939), деҳаи Вогзи Ғорон Гирдоваранда: Муборакшоева Гулнор, соли 2012

Эй шоҳ, зи насиятат дилам хурсанд аст,

Бозичаи кудакони дунё фанд аст.

Ҳаргиз ту набанд дил ба дунёи дағал,

Як риштаи ҷони одамӣ фарзанд аст.

Об аз лаби дарёчаи Ғорон резад,

Кабк аз камару кӯҳҳои Ғорон хезад.

Мо лоф задем, ки мо ҷавонӣ дорем,

Дар хоки сияҳ, муи ҷавонон резад.

Гули лолам ба кӯҳи Зок афтодаст,

Як найшакарум ба зери хок афтодаст.

Ин найшакарум мудом ғурбатзадагӣ,

Дар косаи шарбатум хок афтодаст.

Ҷоҳо ҳама ҷо, манзилу маъвои ту ку?

Рафтум ба чаман, ҷои қадам(ҳ)ои ту ку?

Рафтум ба чаман, гулҳо шукуфтан ҳар сӯ,

Нолум зи фироқ, ҷои тамошои ту ку?

Ман булбуламу майли гулистон дорум,

Не фикри тамусу не зимистон дорум.

Ҳар ҷабру ҷафое, ки биёяд ба сарум,

Ман такя ба пирони кӯҳистон дорум.

Мо масту ту масту ҳам ҳарифон ҳама маст,

Мо май хурдем, пиёла афтоду шикаст.

Ай бор Худо, пиёларо пайвандон,

Аз дӯстаки ман ниҳол афтоду шикаст.

(Ҳ)амчун шудаӣ гандумаки зард ба дашт,

(Ҳ)айфи умрут, ки дар ғарибӣ бигузашт.

Ай хешу табор ёд накардӣ ҳаргиз,

Моро алами замона бисёр гузашт.

Дар шуразамин булбули нолон моем,

Дар гиря ба мисли абри борон моем.

Чашми ҳама кофару мусулмон ба ватан,

Дур аз ватану ҷудо зи ёрон моем.

Дар дашт будум, қатраи оташ дидум,

Аз додари меҳрубон хабар нашнидум.

Омад касе, ки додаратро дидум,

Ман нимаи умри худ ба вай бахшидум.

Гунҷишкаки ман миёни санго пар-пар,

Ин бачаи хуртекукма шаҳро ту мабар.

Шаҳро мерай, ба ман гули лола бухар,

Дар қоғази зар мушка печонда бухар.

Шом омадаюм, намози шом омадаюм,

Дар пеши дарут мисли ғулом омадаюм.

Зардинаҷавон, нишастаӣ дар хона,

Як бор баро, ки ман салом омадаюм.

Тутӣ ба сари гулоб мебинам ман,

Худма ба дили хароб мебинам ман,

Эй тутии сабз, туро кадом бод овард,

Ин ҳам ғалат аст, ба хоб мебинам ман.

пешина
аз 41
навбатӣ