Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Меришт таноби умрта бо чарх фалак,
Ин чархи фалак ба дасти модар мешуд.
Кабгак сари сангу мезанд қақра ба ноз,
Бачам ба раворав асту ҷонум ба гудоз.
Эй бор Худо, дар осмон абр андоз,
Бачеки равандама ба ман маътал соз.
Бемодарима ба худ алам мегирум,
Нақши бари девора қалам мегирум.
Бемодарира агар ба ёдум гирум,
Санг(ҳ)ои хунука ба ҷигар мегирум.
Қади алифат дар назарам чун дол аст,
Як лаҳза ҷудоиҳот ба ман сад сол аст.
Пеши ту қасам хурдаму бовар накунӣ,
Рухсораи зарди ман гувоҳи ҳол аст.
Нозукбадане, ки аз Хутан меояд,
Аз мулки ғарибӣ ба ватан меояд.
Ҳарчанд бигаштем ба гирди олам,
Ғурбатзадаро ёди ватан меояд.
Эй дӯст, ба куи ту расидан мушкил,
Об аз лаби ҷуи ту чашидан мушкил.
Об аз лаби ҷуи ту чашидан осон,
Ҷон додану рӯи ту надидан мушкил.
Ёракма бибин, чӣ гуна ёруш форид,
Гулғунчара монду барги хоруш форид.
Ман тозагулум, дар роҳ намонам ҳаргиз,
Шоҳабри сиёҳи пурғуборуш форид.
Аз хона баромадӣ, офтоб набуд,
Аз рафтанакот касе хабардор набуд.
Аз рафтанукот душмана шод кардӣ,
Ба ғайри Худо ба ту касе ёр набуд.
Бархез ҷавон, ки фурсати хоб гузашт,
Тарфи чаману шабҳои маҳтоб гузашт.
Бедор намешавӣ ту аз хоби гарон,
Як лаҳза назар кунӣ ба мову ба ҷаҳон.
Саркӯҳи буланду арғавон гум кардум,
Шамшери заррина аз миён гум кардум.
Шамшери заррину бо ғилофи бахмал,
Зардинаҷавони паҳлавон гум кардум.
Гул гуфт, маро зи боғ гулдаста баред,
Ман нозукаму зи боғ оҳиста баред.
Дар маҷлиси ошиқон маро металабанд,
Ман бегунаҳам, чаро маро баста баред?
Аз хона баромадум, дастум додӣ,
Бо дафтараки ғамот китобум додӣ.
Аз дафтари меҳри ту нахондум варақе,
Дар айни ҷавониҳо шикастум додӣ.
Фарёд занум, пора кунум кӯҳ (ҳ)ора,
Шо(ҳ)ин шавум, сайр кунум дунёра.
Ман ҷуғз шавум, ба ҳоли худ гиря кунум,
Ай тангии гуру кулфати дунёра.
Эй дӯст, чӣ дидӣ, ки ба ман кин кардӣ,
Тори дилама ба риштаи сим кардӣ.
Тори дилукум зи риштаи сим нашуд,
Тоқат ба ҷудоиҳои ширин кардӣ.
Эй дӯст, чӣ дидӣ, ки рамидӣ аз ман,
Ту домани дӯстӣ буридӣ аз ман.
Ман домани меҳри ту гирифтум ба умед,
Ту домани номедӣ буридӣ аз ман.
Эй дӯст, ба ҳамдигар саҳар мегаштем,
Доим ба суроқи ҳамдигар мегаштем.
Нагзошт фалак ба ихтиёри ману ту,
Чанд соли дигар ба ҳамдигар мегаштем.
Дар боғ будум, бунавшаву гул дидум,
Дар гирди мазор ҳазор булбул дидум.
Қасде қардум, ки булбулонро гирум,
Булбул бипариду аз пасуш ғам дидум.
Фарёд зи дасти фалаку афлок ҳам,1
Дар тан бидарид ҷомаи садчокам.
Халқон меган, аз ҷаҳон мегузарӣ,
Сад ҳайф, ки меравад танам дар хокам.
1 Гӯянда: Муборакшоева Қурбонбегим (1943), зодаи деҳаи Шамбедеҳ Гирдоваранда: Муборакшоева Зарнигор, соли 2013.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё