Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ба лаби ҳавз мераванд.

Амир Исмоил: Расолати ман дар Бухоро чист?
Амир Наср: Онро замимаи давлати мо кардан.
Амир Исмоил: Бо кадом роҳ?
Амир Наср: Ҳар роҳе, ки мумкин аст. Вале бе харобкорӣ. Мардуми Бухоро аз чаповалу ғорат, куштору сӯхторҳои пай дар пай хаста шудаанд, ба ҷон расидаанд. Дар моҳи рабеъ-ус-сонӣ Ҳусайн бинни Тоҳир ал-Тойӣ аз Хоразм ба Бухоро тохтан овард ва миёни ӯву мардуми Бухоро ҳарбҳо афтод. Ӯ баъд аз панҷ рӯзи ҷанг бар шаҳр даст ёфт. Ва ба аҳли Бухоро узри шаҳру русто кард ва бисёр касро бикушт ва хоразмиёнро баргумошт, то дуздӣ намуданд ва мусодират мекарданд ва ба шаб мукобираи хонаҳо бар мезаданд ва ҷиноятҳои гарон мениҳоданд ва мол месутуданд.

Аҳли Бухоро бо ӯ ба ҳарб берун омаданд ва бисёр кас кушта шуданд ва аз шаҳр миқдори ду донг бисӯхт ва чун аҳли шаҳр даст қавӣ карданд, ӯ мунодӣ кард ва амон дод. Ва мардумон, ки ҷамъ шуда буданд ва ҷангро омода гашта, чун хабари амон бишниданд, пароканда шуданд ва баъзе ба русто рафтанд. Чун Ҳусайн бинни Тоҳир донист, ки мардум пароканда шуданд, шамшер андар ниҳод ва халқе азимро бикушт. Мардум боз ғавғо карданд ва Ҳусайн бинни Тоҳир ба ҳазимат шуд ва ҳама рӯз ҳарб карданд ва чун шаб шуд, ӯ дари кушкро маҳкам кард. Ва халқро дар атрофи кушк нигоҳ медоштанд, то вайро бигиранд. Ва ӯ хироҷи Бухоро ба тамоми гирифта буд: Ҳама дирам... гадрифӣ ва дар миёни сарой рехта буд ва мехост то ба нуқра сарф кунад, замон наёфт ва он шаб деворро сӯрох карду бигрехт, бо касони хеш бараҳнаву гурусна. Ва он дирамҳои гадрифи бимонд. Мардумон хабар ёфтанд ва он мол ғорат карданд. Ва пас аз вай фитнаҳои дигар ва ҷангҳо бо аҳли Бухоро ҳар касро бисёр шуд. Аҳли илму салоҳ аз Бухоро бо назди Абуабдуллоҳ ал-фақеҳ, писари хоҷа Абдулҳафси Кабир (раҳматуллоҳи алайҳ) ҷамъ шуданд, бо вай тадбир карданд. Он чӣ фақеҳ вазъи Бухороро шарҳ дода буд, ба ҷаноби олӣ арз намудем.

Амир Исмоил: Пас Амири Бухоро ба чӣ кор машғул аст?
Амир Наср: Ӯ ҳавориҷӣ аст ва дар Бухоро ҳавохоҳони зиёде надорад. Дар Бухоро аслан ҳавориҷиён каманд. Хоҷа Абдулҳафси Сағир марди мубориз аст. Ва раисии Бухоро

пешина
аз 675
навбатӣ