Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
бар дӯши ӯст. Бо ӯ машварат кунед. Бо аҳли Бухоро, чӣ аҷамиву чӣ бегона, бо шафқат рафтор намоед. Иншооллоҳ, корҳо хуб мешаванд.
Амир Исмоил: Дар рикоби ман киҳо мераванд?
Амир Наср: Кӯшиш кунед иддаи камеро бо худ гиред. Боқимонда дар салоҳияти худи шумост.
Амир Исмоил: Кай ба роҳ бароем?
Амир Наср: Ҳарчӣ зудтар, хубтар.
Онҳо ба қаср бармегарданд.
Беруни Самарқанд
Дарвозаи қасри шоҳӣ кушода мешавад. Аввал шоҳ Наср, аз паси ӯ амир Исмоил ва баъд аъёну ашрофи шаҳри Самарқанд, аз ҳама пасон бо теъдоди чаҳорсад-панҷсад нафар сарбоз берун меоянд. Онҳо ба сӯйи дарвозаи мағрибии рабаз роҳ пеш мегиранд. Аз ду тарафи кӯча марду зани зиёде ба қасди гусели амир Исмоил саф кашидаанд. Амир Исмоил бо аҳли рикобаш аз байни ин сафҳо мегузарад. Амир Наср то аз дарвозаи рабаз (ҳисор) берун шудан ба амир Исмоил ҳамроҳӣ мекунад.
Бо кушода шудани дарвозаи рабаз киштзорҳои сабзу хуррами то ба уфуқ доманкашида намудор мешаванд. Онҳо дар беруни дарвоза таваққуф менамоянд. Амир Наср ва амир Исмоил аз аспҳо поён меояд ва аз дунболи онҳо ашрофзодагон ба тақлид аз аспҳо пиёда мешаванд. Амирзодагони сомонӣ якдигарро ба оғӯш кашида, хайру хуш мекунанд ва баъд бо аҳли рикоби ҳамдигар бо панҷафишорӣ ин маросимро иҷро мекунанд ва муфтии шаҳри Самарқанд забон ба тиловати чанд оёте мекушояд ва дар фарҷоми фотиҳа бар аспи сафеди худ савор мешавад. Қофила ба роҳ медарояд. Амир Наср то аз назарҳо ғоиб шудани амир Исмоил бар ҷояш сокит ва бо андеша нигарон мемонад. Ӯ дар назар хеле хаставу ранҷур менамояд. Аз гусели бародар ғамгин аст. Амир Наср ба шаҳр бармегардад.
КАРМИНА
Сарбозони амир Исмоил дар даромадгоҳи деҳаи Кармина, дар соҳили рӯди Кармина машғули хайма задан мебошанд. Худи амир Исмоил бо чанд нафар аз асҳобаш, ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё