Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ва пас аз чанд лаҳзае садои пӯйи аспҳо шунида мешавад. Амир Исмоил офтобаеро гирифта, аз ҳавз пури об мекунад ва ба таҳоратхона меравад. Имоми масҷид аз фурсат истифода бурда, чанд кӯрпача бо худ меорад ва болои суфа паҳн мекунад. Ва ба интизори амир Исмоил менишинад. Пас аз гузаштани чанд лаҳзаи дигар амир Исмоил аз таҳоратхона берун меояд ва ба айвони масҷид рафта, ду ракъат намоз мехонад ва баъди “салом” додан ба лаби суфа бармегардад. Имом ба пешвозаш мехезад ва ба ӯ салом медиҳад ва барои болои кӯрпача гузаштанаш таоруф мекунад. Амир Исмоил ба хоҳиши ӯ амал мекунад.
Амир Исмоил: Ман худро шинос накардам, узр. Ман Исмоил бинни Аҳмад бинни Асади Сомонӣ, бародари амири Вароруд Абунаср бинни Аҳмад ҳастам.
Имом дубора аз ҷояш мехезад ва ба амир Исмоил таъзим мекунад. Худро аз хиҷолат ноҳинҷор ҳис мекунад ва ҷойи гурез мекобад, вале...
Имоми масҷид: Банда, ғуломи шумо, имоми ин масҷид ҳастам. Агар дар пазироии шумо аз мо хатое гузашт, пузиш мехоҳам. Ҷаноби олӣ бандаро бубахшанд.
Амир Исмоил: Мо ҳама бандаи Худованд ҳастем. Шумо беҳуда худро азият медиҳед.
Имом: Банда Иброҳим писари Муслим, аз саканаи ин қасаба ҳастам, аз муридони фақеҳи бузург Абуабдулло бинни Абиҳафси Сағир.
Амир Исмоил: Банда аз иродатмандони ишон ҳастам ва ба зиёрати ҷанобашон омадаам. Хоҳиш мекунам, ин ҷо будани ман байни худамон бимонад. Аз ташрифоти зиёд хушам намеояд. Мехоҳам ба хизмати раиси ин ҷо бирасам. Агар дар ин амр ба ман кӯмак расонед, лутфатон беандоза аст.
Имом даст ба чашм мебарад ва аз ҷояш мехезад. “Ман ҳозир меоям” — гӯён аз масҷид бадар меравад. Амир Исмоил боз танҳо мемонад. Ин бор ба ҷаҳор тарафи масҷид зеҳн мемонад, ба кошикориву кандакориҳои масҷид ва ҳашамати сохтмони он ба диққат менигарад. Пеши назараш деворнигораҳои оташкадаи Самарқанд мегузаранд. Марди пире, ки саропояш сафедпӯш аст, аз хилоли ин деворнигораҳо пайдо мешавад, ки гот мехонад. Ва лаҳзае нагузашта, чанд аъробие бо шамшерҳои оҳта бар ӯ ҳамла мекунанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё