Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ва сарашро аз тан ҷудо мекунанд. Ҳама ҷо ранги хун мегирад забонаҳои оташи муқаддас деворнигораҳоро ба коми худ мекашанд. Ва ӯ мебинад, ки он аъробиҳо даруни хуну оташ сар аз тасвири деворнигораҳо мебуранд ва муғи мӯйсафед даруни шӯълаҳои оташ месӯзад. Муғ ба имоми ин масҷид хеле монанд аст.

Аз “ҳарорат”-и он сӯхтори маръӣ гӯё худаш оташ гирифтааст. Арақи сарде тамоми баданашро тар мекунад. Авзояш дар ин ҳолат беморгуна, рангпарида, ба мисли муғи мӯйсафед аст. Аз ришу мӯйи хурмогунаш арақ мешорад. Гармои ҷиллаи тобистон ва гуруснагии рамазону машаққати роҳ бар вай таъсири муҳлик гузаштааст. Ӯ аз олам рӯзъиш ба худ меояд. Намозгузороне, ки ба масҷид омадаанд, хеле каманд. Гоҳ аз гоҳ яке-яке пайдо мешаванд. Онҳо низ ҳолате беморгуна доранд.

Ниҳоят имоми масҷид бо як марди миёнасол, вале ашрофнамое, ки аз озодагон буданаш аз либосаш ҳувайдост, пайдо мешавад. Амир Исмоил аз рӯйи одоб аз ҷояш мехезад ва чанд гоме ба истиқболаш меравад.

Имом: Ишон раиси Кармина ҳастанд.

Раис: Раиси бузург устод Абуабдулло бинни Абиҳафс аз омадани шумо маро огоҳ карда буданд, вале рӯзи омадани ишон маълум набуд. Узр мехоҳам, ки беҳамиятӣ кардем, аз омаданашон бехабар мондем.

Раисӣ Кармина дар баробари беҳолативу заъфе, ки дорад, боз ҳаяҷонзада менамояд. Ҳангоми гап заданаш чунин ҳис мешавад, ки сар аз по гум кардааст.

Раис: Қабули ҳамчунин меҳмоне барои мо аз бузургтарин шараф аст.

Амир Исмоил: Мо беруни Кармина хайма задаем, то боиси ташвиши шумо ва мардуми Кармина нашавем. Ягона таманнои мо ин аст, ки чанд рӯзе, ки меҳмони ин диёр ҳастем, чорпоёни моро бо алуфа таъмин намоед. Дигар мо боиси захмати шумо нахоҳем шуд. Мо озуқаи аҳли рикобро бо худ овардаем. Дар ин хусус беташвиш бошед.

Раис: Ман шуморо ҳамчунин раҳо намекунам. Шумо бо тамоми хайлатон меҳмони мо ҳастед ва ба худ иҷоза намедиҳем ва шарти ҷавонмардӣ ҳам нест, ки чун шумоёне беруни қасаба бимонед. Ин ҳам бар мову ҳам бар шумо мурувват аст.

Амир Исмоил: Он чунонки огоҳ ҳастед, ба Бухоро омадани

пешина
аз 675
навбатӣ