Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
стон аст ва аз хонадони афшинҳои Истаравшан мебошад.
Ҳама боз механданд. Амир Исмоил ҳам худдорӣ карда натавониста механдад. Суҳбат боз ҳолати муътадилу дӯстона мегирад.
Амир Исмоил: Агар фақат Арманистон басанда бошад, онро ҳам бахшидем, вале метарсам ҳавои хилофат накунанд, ки дар дасти ман нест... (Ҳамагон боз механданд)
Абузакриё Яҳё: Ман тарс аз он дорам, ки ҳокимони Истаравшан метавонанд ба воситаи ин табори хеш амири моро назди халифа бад кунанд, хусумат ангезанд...
Амир Исмоил: Муътазид марде зирак аст. Барои кайке хасро намесӯзад. Ӯ медонад, ки мо назди хилофат чӣ маъмурияте дорем. Ва дар мамлакати худ масъулият дорем, ки сулҳу осоиш ва рифоҳи мардуми хешро таъмин намоем, ки бе ҷанг муяссар намешавад.(Ба Аҳмад бинни Наср) Ҳамин ҳоло ба шаҳру рустоҳо мунодиён фиристед ва ғазавот эълон кунед.
Аҳмад бинни Наср: Чаҳор ҳазор ғозӣ ҳастанд, дар ин ҷиҳод ба мири ғозиён бипайванданд.
Амир Исмоил: Подош хоҳанд ёфт. Пас фурсати диранг нест. Дар Фарғона низ корҳое моро интизоранд, ки боиси сомон додананд. Ҷанг тақозои шитоб дорад... Ба роҳ!
РОҲ
Лашкари гаронбору муназзаме ба роҳ мебарояд. Деҳоту шаҳрҳоро паси сар мегузорад. Мардум ба ҳар ҷо, ки мерасад, ба истиқболаш мебароянд. Дар даромади шаҳри Хавос лашкар ба ду қисм мешавад ва дар сари хайли он Абузакриё Яҳё, Аҳмад бинни Наср ва Симоъ-ал-Кабир ҷониби Бунчикат мегарданд. Амир Исмоил ҳангоми хайрухуш ба Абузакриё мегӯяд:
-Пояи ҳар ҳукумате адл асту дод. Дар муносибат ба хонадони Афшин густоҳӣ накунед. Онҳо аз бузургзодагонанд. Онҳо ҷудо мешаванд. Амир Исмоил бо роҳи нахустин шаҳри вилояти Фарғона Хӯҷанд меравад. Рӯди Сайҳун сероб аст. Дар тунукобҳои соҳилҳои он шолӣ коридаанд. Киштзорҳо то ба домони тӯпаҳо тӯл кашидаанд. Аз дур кӯҳандизи азими шаҳр ба чашм мехӯрад. Тамоми роҳ аз пеши онҳо шаҳру рустоҳои ободон, киштзорҳои сабзу хуррам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё