Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ТаърихАдабиёт
Аз аввал хонданва чашмони амиралмуъмининро мебаранд. Халифа ҳайрати худро боз дошта натавониста фарёд мезанад:
- Ин чӣ муъҷиза аст? Ман хоб мебинам ё дар бедорист?
Убайдуллоҳ-вазири халифа ҳарф мезанад, вале чизе ба гӯши халифа намедарояд. Ӯ шитобзада бо пероҳани шоҳии сафед ва сари урён ва пойҳои бекафш ба сӯйи муҷссамаи Шиво аз зинаҳо поин медавад. Ҳайкалҳоро ламс мекунад ва беихтиёрона, ба мисли ҳазён, бо худ ҳарф мезанад: - Ман чунин муъҷизаеро нашунидаву ҳатто дар хобнадида будам... Мӯъҷизи Фиръавн чунин зебо набуд...
Ва дубора ба пешайвон мебарояд.
Мӯътазид: Ин муъҷизаи кист?
Убайдуллоҳ: Амри Лайси Саффорист!
Мӯътазид дар фикр фурӯ меравад ва баъди максе ба вазираш Убайдуллоҳ мефармояд: - Ин бутонро дар маҳрази тамошо бигзоред, то мардум аз дидани ин муъҷизаҳо бебаҳра намонанд.
Убайдуллоҳ бинни Сулаймон номаи Амри Лайсро кушода мехонад. Халифа то дергоҳ дар наззораи ҳайкали Шиво хира мемонад. Банохост табъаш хира мешавад.
Мӯътазид: Саломи дӯст бе тамаъ нест. Ӯ чӣ менависад.
Убайдуллоҳ: Ӯ менависад, ки Рофеъ бинни Ҳарсама дар Хуросон ба ҳазимат рафта, ба Хоразм фирор кардааст. Ва ин ҳадоё ба ҳамин муносибат аст.
Мӯътазид: Ӯ чӣ мехоҳад?
Убайдуллоҳ: Он чӣ Тоҳир бинни Абдуллоҳро буд, яъне қаламрави шарқии халофатро.
Мӯътазид: Ин бад-он маъност, ки тамаъ бар мулки Мовароуннаҳр дорад?
Убайдуллоҳ: Ҳамчунин аст.
Мӯътазид (Ба хашм меояд): Ин саффориҳо чӣ сон беҳаё ҳастанд! Хости Яъкубро иҷобат кардем. Амр низ бо тариқи бародар меравад. Ин валиневматиро мо дар ҳаққи ӯ карда наметавонем. Мовароуннаҳр мулки Сомониён аст ва мо онро ба номи амир Исмоил бинни Аҳмад танфиз кардаем. Бахшишҳои мо дар ҳаққи Амр бисёр аст. Ҳукуматҳои вилояти Форсу Кирмон, Систону Зобулистон, Кобулистон ва ниҳоят Хуросонро ба ҳукмаш гардонем. Дар хутбаҳои намози одинаи Ҳарамайн номаш хонда мешавад. Соҳиби шуртаи Бағдод низ ҳаст. Магар ин кам аст, ки боз тамаъ бар мулки Мовароуннаҳр мекунад?! Бигзор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё