Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ин хаёли хомро аз сар бадар кунад. Ӯ бо ин ҳадоёяш раъйи моро харидан мехоҳад. Дар ивази ҳадоёяш алами мо ва ҳадоё бо маншури Хуросонро бароиш бифиристед! Вассалом.
Бо хашм пешайвонро тарк мекунад. Убайдуллоҳ дар пешайвон танҳо мемонад ва номаи амири саффориро мураккаб карда ба қабати миёнбанди мурассаъаш мехалонад.
Сарбозони саффорӣ таҳти фармондеҳии Хоразмшоҳ Муҳаммад бинни Амр дар соҳили дарёи Ҷайхун фуруд меоянд. Ҳаво сахт гарм аст.
Хоразмшоҳ: То мусоид шудани ҳаво ин ҷо мемонем. Саҳрои Хоразм ба мисли дӯзах тасфон аст.
Дар он тарафи соҳил сарбозони амир Исмоил намудор мешаванд, ба мисли сароб ва боз нопадид мегарданд.
Шарвин: Мо ин ҷо дер мондан наметавонем. Ҳарчӣ зудтар бояд ба Хоразм расем.
Хоразмшоҳ: Ба ҳаракати мо сипоҳи амири Исмоил монеъ мешавад.
Шарвин: Шаб рӯдро убур мекунем, агар бо лашкари амир Исмоил рӯ ба рӯ оем, ҳарб мекунем. Дигар ҷои ақиб гаштан нест. Сарҳадбонон моро мушоҳида намуданд.
Шаб лашкари Хоразмшоҳ аз рӯди Ҷайхун мегузарад, бе монеа. Онҳо беист ба роҳи биёбон мераванд. Ва баногоҳ дар дили дашт лашкари амир Исмоил аз баробари ишон мебарояд. Лашкарҳо дар муқобили ҳамдигар қарор мегиранд.
Амир Исмоил: (Ба сарҳанг Ҳамӯя) Биравед, аз қазия огоҳ шавед. Агар Хоразмшоҳ аст, ӯро ба урдугоҳ биёваред. Агар эътирозе ба амал ояд, ба ишон бифаҳмонед, ки мо толиби ҷанг нестем, фақат бо Хоразмшоҳ кор дорем.
Ҳамӯя бо чанд сарбоз урдугоҳро ба қасди овардани Хоразмшоҳ тарк мекунанд. Алӣ бинни Шарвин аз пеши ишон мебарояд. Хоразмшоҳ бимнок аст. Лашкариёни саффорӣ ба ҷунбиш медароянд.
Ҳамӯя: Ман аз ҷониби амири Мовароуннаҳр паём меоварам. Амири мо мефармояд: Мо бо лашкари саффорӣ толиби ҷанг нестем, фақат Хоразмшоҳро мехоҳем.
Шарвин: Хоразмшоҳ дар паноҳи амири Хуросон аст. Ва мо қасди Хоразм дорем, то онро ба номи Амри Лайси Саффорӣ фатҳ намоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё