Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ташвиши амирам аз чӣ хусус аст?
Амри Лайс дубора аҳдномаро ба даст гирифта, дар ҳаво такон медиҳад.
Амри Лайс: Халифа худ нағз медонад, ки амир Исмоил дар минтақа қудрат аст. Вале маккорона, зиракона худро ба нодонӣ мезанад. Итоати амир Исмоил аз хилофат ҷуз расмият беш нест!
Ҷаъфар: Бо вуҷуди он, амирам аввал тибқи маншури амиралмӯъминин амал кунанд, хубтар аст.
Амри Лайс: Пешониамон деворро ҳам афтонд, вале панд нагирифтем. Аббосиён ҳамеша ба мо хиёнат кардаанд. Магар мо намедонистем, ки онҳо бо Бӯсалама, Бӯмуслим, Оли Бармак ва Фазл бинни Саҳл дар ивази хизматҳояшон чӣ карданд? Онҳо бо мо низ ин хиёнатро карданд. Ҳоли мо дигар ба шере мемонад, ки дар бунбаст уфтодааст. Бояд худро раҳо кард! Бояд ин шармандагиро аз сари худ дур кард! Ба тамоми омилони вилоят расул фиристед то бо лашкари худ ба Нишобур биёянд. Мо ба мисли собиқ азимати хешро бо зӯри шамшерҳо ба даст хоҳем овард.
Азҳар: Шамшер ягона роҳи ҳалли қазия нест.
Амри Лайс: Пас бигӯед, чӣ бояд кард?
Шахфур: Ба назди амир Исмоил каси дигар бояд фиристодан ва бо ӯ суханони хуш бояд гуфтан ва ваъдаҳои хуб бояд додан...
Азҳар: Номаи мо шоистаи шаъни ӯ набуд ва сафирамон низ густохона рафтор карда буд. Шояд... агар пирони обрӯманди Нишобурро ба назди ӯ бифристем ва ба ӯ аз дари меҳрубонӣ ворид шавем, шояд...
Амри Лайс: Шояд... вале боварам намеояд. Хушбахтӣ ба фарсахҳо аз мо дур шудааст. Дилам тира асту бимнок! Вале ин роҳи шумо иқрори таслим шудан аст, ки бар шаъни худ лоиқ намедонам.
Азҳар: Мо бояд ин омилро ҳам ба назар гирем, ки раият ҷонибдори амир Исмоил аст. Лашкар ҳам ба ҷанги амир Исмоил он қадар гарм нест. Мо бо ишон мурувват кардаем.
Шахфур: Амир Исмоил муддаии мо нест. Мо фақат бояд ба ҳуқуқҳои ӯ эҳтиром гузорем. Ӯ низ дӯстии амирамро хостор мебошад.
Амри Лайс: Пас кафолаташ бар гардани шумост. Билол

пешина
аз 675
навбатӣ