Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бинни Азҳар, пас номае навис бад-ин мазмун: "Ҳарчанд амиралмӯминин ин вилоят маро дод, валекин туро бо худ шарик кардам дар мулк. Бояд ки маро ёр бошӣ ва дил бо ман хуш дорӣ, то ҳеҷ бадгӯе миёни мо роҳ наёбад. Ва он чи пеш аз ин гуфта будем, аз роҳи густоҳӣ буд, аз сари он даргузаштем. Бояд, ки вилояти Мовароуннаҳр нигаҳ дорӣ, ки сарҳади душман аст ва раиятро тимор дорӣ ва мо он вилоятро ба ту арзонӣ доштем ва ҷуз хушнудиву ободонии хонумони ту нахоҳем. Вассалом". Ва чанд марди маъруфи Нишобурро бо ҳадоеи шоиста ба сӯйи Бухоро бифиристед ва ба ишон бифармоед, ки дар ҳузури амир Исмоил бигӯянд: "Маро бар ҳеҷ кас эътимод нест ҷуз бар ту ва бо мо аҳд кунӣ, то миёни мо дӯстӣ устувор гардад..."

Амри Лайс дилтангона маншури ҳукумати Варазрудро ба як сӯ партофта, хашмгинона боргоҳро тарк мекунад.

Шаҳфур: Ин фоли нек нест. Худованд фарҷомашро нек гардонад.

Мардуми қасри амир Исмоил ҳанӯз рӯҳияи боландаи ғалаба бар хасмро доранд. Ин рӯҳия ба дараҷаест, ки аз қаср берун таровида, саросари кишварро фаро гирифтааст. Рӯҳияе, ки дигар онҳо қудратанд ва метавонанд ҷавоби ҳар гуна душманро баргардонанд, аз ин баъд бе биму ҳарос, бе тарсу ларз дар баробари ҳар гуна пешомади номаълуму бимнок метавонанд зиндагии созандаи хешро идома диҳанд, дар оромиву осоиш ба сар баранд... Гӯё онҳо дигар хасме надоранд ва ишонро ба ҷумлагӣ саркӯб кардаанд. Вале ҳанӯз амир Исмоил аз густохии Амри Лайс ва ҳуққабозии халифаи Бағдод ба худ наомадааст.

Нӯҳ: Аз сарҳади Ҷайхун хабар расид, ки Амри Лайс ба назди амирам расулоне аз маъруфони Нишобур фиристодааст ва ишон иҷозаи убур аз рӯдро интизор мекашанд.

Амир Исмоил: Бигзор интизор кашанд! Бифармоед, ишонро ба хорӣ баргардонанд.

Нӯҳ: Амирам...

Амир Исмоил: Ӯ аз ин ҷанг дигар чизро интизор буд. Вале тираш хок хӯрд. Халифаи Бағдод хости ӯро бароварда насохт, ба ӯ кӯмаки низомӣ нафиристод, то хисороти ин ҷангро ҷуброн кунад. Акнун маҷбур аст ба мо аз дари мадоро ворид шавад. Ман мефаҳмам, ки ӯ чӣ мехоҳад. Акнун ман намехоҳам... Расулонро ба зиллат баргардонед.

пешина
аз 675
навбатӣ