Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

албатта, аз мо замонати ҷону молашонро дархост хоҳанд намуд. Агар кор чунин сурат гирад, ба онҳо бифаҳмонед, ки дар сурате ба онҳо замонати ҷону мол медиҳем, ки ба мо байъат кунанд. Ҳусайн бинни Муҳаммадро халифаи худ мегардонем ва хилъатҳо мебахшем. Дар акси ҳол, ҳар чӣ зудтар бо Абуабдулло бинни Абулҳафси Бухорой машварат мекунед ва ё ба ҳамон зудӣ бу ҳузури ман ҳозир мешаванд. Он гоҳ якҷоя тадбир мекунем. Агар шароит мувофик афтад, кудато мекунед, сарони давлату лашкари амирро бо ҳабс мегиред. Ин кор бояд банохостӣ, сареъан сурат бандад. Дар ҳоли таъхир шикаст ногузир аст. Абуабдулло бинни Абилҳафс ба чӣ кор машғул аст?

Фазл: Ӯ ҳам дар гуфту шунид ширкат дорад, вале фақат аз ҷониби аҳли Бухоро.

Амир Исмоил: Андешааш дар хусуси гуфтушунид чист?

Фазл: Алҳол ӯ аз рафти музокирот розиву қаноатманд аст. Ҳарчанд ба сухан ибрози ақида накардааст, аз ҳолати рӯҳияш хувайдост.

Амир Исмоил: Муносибати аҳли Бухоро чӣ гуна аст?

Фазл: Имрӯз маълум набуд. Шаҳр дар ҳоли муқарари худ қарор дошт.

Беруни Кармина

Фазл бинни Аҳмад ва Абузакриё ба хирҷаҳ бармегарданд, вале амир Исмоил нест. Яҳё хочибро фаро мехонад.

Яҳё: Амир куҷостанд?

Ҳоҷиб: Як замоне ҷониби рӯд мерафтанд. Аз он гоҳ дигар ишонро надидаам.

Абузакриё ва Фазл ба сохили рӯд мераванд. Амир Исмоил болои маргзоре дароз кашидааст ва ба уфуқҳои дур менигарад. Аз омадани расул ва бародараш мехезад.

Фазл: Шукри худо, ҳама корҳо табъи дили амирам шуд.

Яҳё: Аввал сарбозони амир шӯриданд ва хостанд дар шаҳр иғво барангезанд. Вале зуд ором карда шуданд.

Фазл: Имрӯз номи Яъқуби Лайс аз хутбаи намоз партофта хоҳад шуд. Дигар ба номи амир Наср садо хоҳад дод.

Ҳусайн бинни Муҳаммади Хаворичӣ ба халифаи амирам шудан розӣ шуд. Фардо аҳли Бухоро ба амирам байъат меоранд.

пешина
аз 675
навбатӣ