Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Лашкари Амр ба сӯйи Балх ҳаракат мекунад.

Амир Исмоил бо лашкари анбӯҳ аз Ҷайхун убур намуда, дар Омӯя мебарояд. Муҳаммад бинни Ҳорун бо сарони сипоҳ ба истиқболи амир Исмоил мебарояд.

Амир Исмоил: Аз Нишопур чӣ хабар?

Ҳорун: Бо сабабҳое, ки барои мо ҳанӯз маълум нест, лашкари амири саффорӣ аз Марву Гургон ба сӯйи Балх ҳаракат доранд.

Амир Исмоил: Аз Хоразм чӣ хабар?

Ҳорун: Порси Байкандӣ ва Мансури Қаротегин бо сипоҳи хеш дар роҳанд ва имрӯз то пагоҳ ба Омӯя мерасанд.

Амир Исмоил дар кори амир Амри Лайс ба фикр фурӯ рафт ва суоломез ба сӯйи Ҳамӯя бинни Алӣ нигарист. Нигоҳаш аз Алии Ҳамӯя гузашт ва дар маргзорҳои навдамидаи дашту саҳро, гулу лола гум шуд.

Лашкари Фарғонаву Истаравшан, Самарқанду Суғд, Бухорову Чағониён аз дунболаш савораву пиёда меомад. Амир Исмоил худ ба худ меандешид: “Ӯ боз дар сар чӣ хаёле дорад?”

Амир Исмоил: Омадани лашкари Хоразму Исфичобро интизор нашуда, шумо бо сипоҳи худ фардо амири саффориро таъқиб мекунед. Набояд ба ӯ фурсат дод, то андешаи дигар кунад!

Дар ҳавлии кушк аз аспҳо пиёда мешаванд, ғуломон аспҳоро дар истаблҳо мебанданд. Амир Исмоил бо бузургони сипоҳ вориди кушк мешавад.

Амир Исмоил: Имрӯз лашкар бояд баросояд. Аз паси сипаҳсолор Муҳаммад бинни Ҳорун ба роҳ хоҳем баромад. Супориш диҳед, сипоҳиёнро дар саройҳо фуруд оваранд ва асбоби роҳаташонро фароҳам созанд, ба аспҳову уштурон алаф диҳанд!

Ҳамӯя бинни Алӣ “ба чашм” гӯён таъзим намуда, аз роҳи омадааш ба хориҷи кушк бармегардад.

Амир Исмоил: Пеш аз ворид шудан ба шаҳрхову рустоҳо ҳамроҳи язакҳо сипоҳиён фиристед дар сари роҳҳо биистанд, то ҳангоми убури лашкар хисороте ба молу ҷони мардум нарасонанд. Ба ҳар шаҳру деҳе, ки ворид мешавед бо мардуми он меҳрубон бошед, ба доди ишон бирасед. Ҳар амале бояд аз рӯйи шаръи ислом ва адолат қазоват шавад. Зинҳор зулме аз ҷониби мо сар назанад, ки ин мардум

пешина
аз 675
навбатӣ