Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

лаълфом пур аз садо шуда буд. Ва ин садоҳо аз дили амир Исмоил тарович меёфтанд, дар саҳро паҳн мегаштанд ва дар домани уфуқҳои хунолуд полуда мешуданд. Садоҳои берабту шикаста, муҷарраду мустақил, номафҳуму бемаъно... Олам ҳама берабту бемаъно шуда!... Ва чун гирдбоде боз ба як нуқта — ба қалби амир Исмоил — рехта, дуҳулвор, разъвор меғуррад: “Беҳуда?!!” Ва сарбозони бесар дар қалби майсаи реги биёбон ғарк мешаванд, фурӯ мераванд ва чун лолае мешукуфанд. Ва заврақи моҳ дар дарёи алмосрезу гавҳарбор ба шино дар меояд... Ва даррандаҳои шаб ба шикор мебароянд.

Ҳанӯз сарбозон аз дарё убур мекунанд...

ГУРГОН

Кушки амири Саффорӣ

Амри Лайси Саффорӣ бо сипоҳсолору сарҳангҳову бузургони дарбори хеш ба айшу нӯш нишастаанд. Муганниён нағма аз чанги Зӯҳра даровардаанд. Ва хубони моҳҷабин бо рақси хеш бар дилҳову сарҳои маҳмур донаҳои алмоси ҳавас кошта. Билоли Азҳар ба хотири мушаваш вориди маҷлис мешавад.

Амр: Чӣ шуда, ки вазири моро хотир пареш гашта?!

Азҳар (ба назди Амр меравад ва бо овози паст, ки фақат худи ӯ бишнавад, мегӯяд): Кишвар ноором. Носуди ҳиндӣ бо Алимони Ҳиндӣ иттифоқ баста, омили амирам - Бардалиро аз Ғазна берун кардаанд. Ва ба ҷониби Ҳирот меоянд!

Амр: Бас!

Маҷлис хомӯш мешавад. Чанги Зӯҳра аз нағма боз мемонад. Пойи рақкосон мешиканад. Бузургон бедор мешаванд.

Амр: Аз сӯйи Бухоро чӣ хабар меояд?

Азҳар: Ҳанӯз хабаре нест.

Амр: Мо дар чунин вазъият наметавонем бо Исмоил даргири ҷанг шавем. Шароити мусоиде барояш фароҳам меовардем. Сареъан ба сӯйи Марв ба Алӣ бинни Ҳусаини Дирҳам расул фиристед ва таъкид намоед фавран ба ҷониби Балх ҳаракат кунад. Аввал ба куффори ҳинд мебояд ҷангид...

пешина
аз 675
навбатӣ