Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

лашкар машғули муайян кардани мавқеъҳо ва дар ин мавқеъҳо ҷойгир намудани сипоҳиён мебошанд. Амри Лайс аз сари бораи баланди шористони Балх кирдори лашкари хешро назора мекунад.

Амир Исмоил бо сипаҳсолорони лашкараш болои гаревае сабзу хуррам истода буд ва ҷониби шористони Балх — ин модари шаҳрҳои Иронзамин менигарист. Сарбозонаш дар беруни рустои Алиобод дар ҷои безиёе фуруд омада буданд ва ҳар кадоме машғули коре. Дар гӯшае як гурӯх байни ҳам шамшерзанӣ мекарданд, дастае бо найзаҳо машқ менамуданд.

Амир Исмоил: Ин ҷо чанд рӯз, барои фиреби назар бояд бимонем. Мо дар ин чанд рӯз, ки ин ҷо мемонем, бояд омилони амири Саффориро аз шаҳру рустоҳои гирду атроф пок созем.... Алӣ бинни Аҳмад куҷост? (Ҷавони тануманди зиреҳпӯше аспашро пеш меронад ва дар баробари амир Исмоил меистад.)

— Ту бо сипоҳат ба Фориёб меравӣ, омили амири саффориро асир мегирӣ, Ибни Фарегунро, ки мутааҳҳиди мост, бар ҷояш барқарор мекунӣ... Поксозии шаҳру деҳоти гирду атроф аз омилони саффорӣ бар гардани туст. Бо мардуми Гузгонон ончунон бояд рафтор кунӣ, ки аз мо ҷонибдорӣ намоянд. Ҳамин ҳоло ба роҳ баро!

Алӣ бинни Аҳмад аспашро гардонда, ба лашкаргоҳ меравад. Амир Исмоил баъди рафтани Алӣ, ба Муҳаммад бини Нӯҳ, ки тамоми ин муддат дар бараш буд, муроҷиат мекунад.

  • Ба лашкаргоҳи амири Саффорӣ мубаллиғон фиристед, то миёни сипоҳи ӯ тарғиб кунанд, ки “мо мардуми муҷоҳидем ва ҷуз худо толиби ҳеҷ нестем. Лекин Амр марде дунёдор ва молпараст аст, фақат ба ин қасд ҳаракат карда ва моро, ки аз як қавму як мазҳаб ҳастем, ба ҷони ҳам андохта...”

Сипоҳи Алӣ бинни Аҳмад ҷониби Фориёб ба роҳ баромад.

Субҳи рӯзи дигар амир Исмоил сарҳангҳову сипаҳсолорони лашкарро даъват намуда, аз нақшаҳои минбаъдаи хеш эшонро огоҳ сохт.

Амир Исмоил: Бегоҳ, баъди намози дигар, дар Намозгоҳи Балх тавакқуф хоҳем кард. Ба ин манзур ба он сӯй

пешина
аз 675
навбатӣ