Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Сарбози ду: Ишон бо асирон чунин рафтор намекунанд. Магар аз ёдат рафт. Ин ҷомаи танат магар моли асирӣ набуд, ки амири сомонӣ ба ту пӯшонд?
Сарбози аввал музтар мемонад. Сарбози дувум ба назди зиндонбон, ки дарро аз паси асирон қуфл зада, ба мақарраш бармегашт, меравад.
Сарбози ду: Ба асирон хӯрок диҳед. Фармон ҳамин аст... Зиндонбон бо ҳайрат ба сарбоз менигарад, вале ӯ дигар ба чизе эътибор надода, аз роҳи омадаш бармегардад. Ӯ аз рафтори худ қаноатманд аст.
Кӯшки Амри Лайс
Амри Лайс андешамандона ва андӯҳгинона ба чор тараф қадам мезанад.
Шахфур: Мо айёрони амир Исмоилро дар қалби лашкар боздоштем. Онҳо дар накӯҳиши амирам суханҳо мегуфтанд ва амири Сомониро ба диндорию инсоф месутуданд.
Амри Лайс: Ҳатман одамоне ёфт мешуданд, ки ба ҳарфи ишон гӯш медоданд?
Шахфур: Дар миёни сипоҳ ҳар гуна овозаҳо ҳаст, вале ман ба он бовар надорам.
Амри Лайс: Ба чӣ бовар надорӣ? Чӣ хел овозаҳо?!
Шахфур: Гӯё баъзе аз сарҳангони лашкари мо нақзи байъат ба амири хеш карда, ҳавохоҳи амири Сомонӣ шудаанд?
Амри Лайс: Чаро бовар надорӣ?!
Шахфур: Шуданӣ нест. Ҳама сипоҳ ба амири хеш содиқанд. Аз амири хеш басо навозишҳо ёфтаанд.
Амри Лайс: Ту худ низ ба он чӣ мегӯӣ, бовар надорӣ... Тамоми мардуми Хуросон ҳавохоҳи амир Исмоил мебошанд. Вале дигар бефоида аст... Бигӯ, аз лашкаргоҳи амири Сомонӣ чӣ хабар мерасад?
Шахфур: Ба ҳар шаҳру деҳ сипоҳ мефиристад, омилони амирамро барқанор месозад ва ғаноими зиёдеро барои иктифофи лашкараш фароҳам месозад. Дар ин амал мардумони маҳалҳо бо сипоҳи ӯ ҳамкорӣ мекунанд.
Амри Лайс: Модом ки мардум ба сипоҳи ӯ ҳамкорӣ кунад, пас аз лашкари мо чӣ шак?! (Банохост хашмгин шуда)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё