Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

пазируфтаанд). Тақдир чунин будааст, ки хонадони саффорӣ ба дасти мо сукут кунад, ҳарчанд мо чунин нияте надоштем. Дигар ин қаламрави бузург ба тасарруфи мо даромадааст. Ва ба хости Худованд Хуросон якпорча шуд, дигар вазифаи мост, ки онро яклухт, ободон нигаҳ дорем, то мардуми зулмдидаи он дар оромиву осоиш, дар рифоҳ ба сар баранд, кор кунанд, кишварро ободон гардонанд... Вале ин нусрат ҳанӯз поёни кор нест. Қисми зиёде аз ин кишвар ҳанӯз дар тасарруфи куффори Ҳинд аст. Сиистон ба ин наздикӣ ором нахоҳад шуд, зеро бозмондагони Саффорӣ барои ба даст овардани қудрати аз даст додаашон ором нахоҳанд нишаст. Онҳо ин қадар сарвате гирд овардаанд, ки метавонанд барои чанд муддати дигар муқовимат кунанд. Алавиёни Дайламу Гургон интизори фурсате ҳастанд, ки қудратро дар қаламрави шарқии хилофат ба даст гиранд... То замоне, ки ин хатарҳо вуҷуд доранд, мо наметавонем кори оғоз кардаи худро поёнёфта пиндорем. Бо хости Худованд мо дигар дар маҳрази ҳаводиси бузург қарор гирифтаем. То поёни ин роҳ рафтан дигар масъулияти мост. Худованд дар ин роҳ мову шуморо тавфиқи нусрат бахшад.

Ҳама дасти дуо ба рӯй мекашанд.

Ҳорун: Амирам дар масъалаи Амри Лайс чӣ тасмим гирифтаанд?

Амир Исмоил: Амри Лайс марде бузургҳиммату бузургато ва бо олату иддат ва раъю тадбир ва бедор дар корҳо ва фарохону намак аст. Раъйи ман чунон аст, ки бикушам, то ӯро ҳеҷ газанде нарасаду аз ин банд халосӣ ёбад.

Абуҳотами Ясорӣ: Раъйи амир савобтар, ҳар чӣ маслиҳат бошад, фармоянд.

Амир Исмоил: Мо ба Бухоро бармегардем. Алӣ бинни Аҳмад бо сипоҳаш ба Ғазна. Ғазнаро аз дасти Алимони ҳиндӣ ва муттафиқаш ҳарчӣ зудтар бояд озод кард.

Аҳмади Дароз: Ман гумон намекунам, ки дар муқобили Алимони ҳиндӣ ва сипоҳаш Алӣ бинни Аҳмад кофӣ бошад. Бо Алӣ бинни Аҳмад каси дигаре низ ҳамроҳ бояд кард.

Амир Исмоил: Киро?

Аҳмади Дароз: Амирам ҳар касеро, ки шоиста донанд.

Амир Исмоил: Ин ҳиттаро эшон хубтар аз дигарон медонанд, пас хуб мешуд, худашон ин сафарро роҳбарӣ кунанд. Дар ин хусус мулоҳизоти дигаре вуҷуд дорад?

пешина
аз 675
навбатӣ