Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мекунад, лабханд мезанад.
Амир Исмоил: Чӣ шуд?
Амри Лайс: Бародарам Яъқуб ба як тарпиёзу нони хушку моҳӣ қаноат дошт...
Амир Исмоил: Алайхурраҳма вал ғуфрон марде буд далеру паҳлавон, шуҷоъу парҳезкору ватанпараст.
Амри Лайс ба ҳайрат дар амир Исмоил менигарад. Ӯ дар ҳар сухан, дар ҳар амали амири Сомонӣ беш аз пеш ҳайратзадаву шефтатар мешавад.
Амир Исмоил: Ман хато гуфтам?
Амри Лайс: Ман бовар намекардам.
Амир Исмоил: Ба чӣ?
Амри Лайс: Ки ту ҳамчунонӣ, ки мегуфтанд!
Амир Исмоил: Инсонҳо бо амалҳошон шинохта мешаванд. Вале ман ин ҷо на ба он мақсад омадаам, ки аз якдигар тамҷид кунем. Ман донистан мехоҳам, ки чун асир шудӣ?
Амри Лайс: Магар чӣ тавр асир шудани ман имрӯз моҳиятеву маъние дорад?
Амир Исмоил: Даъвогарон ба асир гирифтани амири Хуросон зиёд шудаанд. Аз ин рӯ ман чигунагии қазияро донистан мехоҳам.
Амри Лайс: Даруни мурдоб ҳаметохтам. Асбам дар гил фурӯ монд. Аз асп фуруд омадам ва дар зери дарахте хуфтам. Чун чашм боз кардам, дидам ду гуломам бар сари ман ситода. Яке аз ишон тозиёна кашид ва бар биниам ниҳод. Ба ӯ гуфтам: "Дигар аз ин пирамард чӣ мехоҳӣ". Ишонро ба ҳаққи он неъматҳоям савганд додам, то маро ҳалок накунанд. Ишон худро ба пойи ман партофтанд, бӯса доданд ва маро зинҳор доданд. Ва яке аз ишон маро бар асп нишонд. Мардумон гирди мо ҷамъ омаданд. Он яке дигар гуфт: "Бо худ чӣ дорӣ?" Гуфтам: "Бо ман чанд марворид аст, қимати ҳар яке ҳафтод ҳазор дирам". Мӯза аз пойи ман берун карданд. Лаҳте гавҳарҳои гаронбаҳо ёфтанд...
Амир Исмоил гавҳарҳо назди Амри Лайс мегузорад. Онҳоро бозпас тела медиҳад, вале амири Сомонӣ қабул намекунад ва қатъан болои ин қазия дасти хатм мениҳад. Бо ишорати сар ӯро ба идома додани суханаш медорад.
Амри Лайс: ... ва ангуштари хеш ба ӯ додам. Аз асп, ки ҳеҷ ҳаракат намекард, поин омадам ва онро ба дигарӣ бахшидам.

пешина
аз 675
навбатӣ