Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
медонам.
Ҳамӯя: Мо шакке дар соҳибтадбирии амирам надорем, вале вазъи лашкар тақозо мекунад.
Амир Исмоил: Боз маро муттаҳам ба надонистани вазъи сипоҳ мепиндоред. Ман вазъи сипоҳи хешро медонам ва онро мешиносам. Агар дар ин миён ғарази дигаре вуҷуд дорад, ки мо намедонем, бифармоед, хоҳиш мекунам.
Ҳамӯя: Амирам хуб медонанд, ки дар миён ҳеч гуна ғараз ӯ вуҷуд надорад. Сухани ман иттако бар он буд, ки сипоҳ ба умеди дарёфти ғанимат буд, вале ҳеч гуна бархурде чашмгир рух надод. Ва имрӯз сипоҳ дар асорати роҳ ба тангӣ афтодаанд.
Амир Исмоил: Пас мехоҳед, ки бифармоям лашкар бо ғорату таҷовуз даст зананд?!
Ҳамӯя: Худо нигоҳ дорад!
Амир Исмоил: Пас чӣ?
Ҳамӯя: Мардуми Ҳирот ба сипоҳиёни мо ҳеч кӯмаке намекунанд.
Исҳоқ: Амирам бояд аз ҳар сари аҳолии шаҳр як мискол зар талаб намоянд. Он гоҳ вазъи сипоҳ беҳбуд хоҳад ёфт.
Амир Исмоил: Магар шумо худ шоҳид набудед, ки бузургони шаҳр аз нотавонии мардум амон хостанд. Ва боз аз ин мардум зар металабед?! Ман наметавонам нақзи амонномаи худ амал кунам. Ман масъулият дорам, фардо ман ҷавоб хоҳам гуфт. Не, намешавад!
Ва бо ачала аз толор бадар меравад, то худро аз ин суханон дур дорад.
Амир Исмоил бо чанд сарбоз аз кӯчаҳои шаҳр ба қасди хориҷ шудан аз он мегузашт, ки гузараш ба кӯчабоғҳои Ҳирот афтод. Дарахти пурсебе дид, ки шохаҳояш аз пурборӣ аз девор сар ба роҳ андохта буданд. Сарбозеро фаро хонду гуфт:
-Ин ҷо мутаваҷҷеҳ бош ва мушоҳида бинмо, ки оё касе аз сарбозони мо осеб бад-ин дарахт мерасонад ё не?
Ва худ аз шаҳр берун шуд. Киштзорҳои сабзу хуррам то ба уфуқ доман мекашиданд. Аз насими форам гандумзорҳо чун дарё ба ҳангоми шафаксӯз мавҷ мезаданд. Кӯдакон дар домани ин киштзорҳо зи дунболи чаковакҳо медавиданду нури хуршед дар пораойнаҳояшон мешикаст. Ва амир Исмоил ба ёд овард, ки дар замоне дур, дар
236

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё