Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
чунин ҳоле падараш гуфта буд: “Барои боздоштани ин парандаҳои хуршедӣ пойӣ чолок бояд дошт”. Ӯ дар гумонаш то ҳанӯз зи дунболи онҳо медавад. “Амри Лайс бо талаби муътамаде аз ӯ чӣ мехоҳад? Чаро пайғамбар дар хобаш ӯро ҳамроҳи худ ба сӯйи уфуқҳои рӯшан мебурд ва Абюсуф Яъқуб аз надаш биронд? Абюсуф бар сар чӣ хаёле дорад? Чаро бо Амри Лайс наздик шудааст ва ба ҷои об ба ӯ гулоб медиҳад? Чаро дигар бародаронаш ба ӯ монанд нестанд? Чаро кирдори ман ишонро аз ман мегурезонад, ранҷур месозад? Ва ё бардошти ишон аз ҳукумат кардан бар маҷоли чизи дигар аст? Ин чиз чист? Чаро имрӯз бародарам Исҳоқ гуфт, ки “Ту амири Хуросон ҳастӣ, марде аз раоёи ту бар ту ворид мешавад ту бармехезӣ, ӯро то ба назди дар гусел мекунӣ. Магар намедонӣ, ки ба ин рафторат сиёсатро аз байн мебарӣ?!” “Магар дар пиндори ишон сиёсат ва ҳукумат кардан дурӣ ҷустан аз мардум аст?! Наход бад-ин зудӣ суннати ниёи хеш -доду додгариву додгустариро аз ёд бурда бошед. Наход фаромӯш кардаанд, ки ҳукумат кардан масъулиятест дуҷаҳонӣ. Магар дар растохез онҳо ба ёварии ман нахоҳанд шитофт?! Ва ба ҷои ман ҷавоб хоҳанд гуфт?! Ва ё ба гардан хоҳанд гирифт?! Ва ё ҷуз ин аст, ки ишон медонанду ман намеёбам? Зиёдатталабӣ ?!! Магар зиндагии ман, маоши рӯзгорам ҳамчунон, ки ишон доранд, нест?! Магар ман ҳам ба мисли як сарбоз, ба мисли як раъяти хеш зиндагӣ намегузаронам? Ташнагиву гуруснагии мо, хобу бедории мо ҳам аст! Вале дар ҳар амале, ки хоҳ бад бошаду нек, ҷавобгӯ ман ҳастам. Чаро намехоҳанд ин масъулиятро бо ман қисмат кунанд? Ин муносибат куфр аст! Худоносиносӣ аст! Носипосӣ дар баробари адли худовандлист! Чаро мехоҳанд дунёро ба бозӣ бигиранд ва рафтори хешро як амали беподош талаққӣ намоянд?! Магар ҳадафи офариниш ҳамин буд?! Чаро одам назди холиқи хеш осӣ шуд ва аз ҷаҳони “беподош” бо “гуноҳи дигарон” ба ин ҷаҳони шудани матруд гардид? Пас, аз Одам то ба мо ва то хотам ҳадаф аз шудан чист? Ин Хотам шудан чист? Яъне бозгаштан ба асли офариниш! Яъне якто шудан, як тан шудан, яъне Одам, одаме, ки айёмеро дар биҳишт гузаронидаст, шудани! Пас, ин зиндагонӣ имтиҳони бозгашт аст. Бозгашт аз фиску фуҷур, сӯхтору куштор, рашку ҳасад
... ва ҳар амали ношоиста ба ҷаҳоне, ки ҷуз ӯ надонанд.... Бозгашт ба ҷаҳоне, ки ҳатто Фаришта раҳ надорад! Чаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё