Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ин мавъуд фаромӯш мешавад ва масъулияти амалҳо бар гардани дигарон бор мегардад? Магар фатвои Исмоил аз ҳамин асл барнаёмада буд?..»

Сарбоз: Шоҳам, бузургони сипоҳ меоянд.

Амир Исмоил бефарқ ба сӯйи ояндагон менигарад.

Амир Исмоил: Ман аз зулми ишон мегурезам, ба сутӯҳ омадам! Ин ҷо ҳам як лаҳза ба ҳоли хеш намегузорандам... Доду сад дод...

Омадани бузургони сипоҳро интизор нашуда, бар асп нишаста сӯйи шаҳр равон мешавад. Ҳине, ки ба ишон рӯ ба рӯ шуд, гуфт:

-Ман медонам, ки шумо чӣ мехоҳед. Вале ман нақзи амоннома нахоҳам кард.

Бузургони сипоҳ зи дунболи шоҳ аспҳои хешро баргардонданд. Абуяъқуб Исҳоқ аспашро тозиёна зада ба амир Исмоил баробар мешавад.

Исҳоқ: Шоҳам, шаҳреро ки маълум нест дар тасарруфи мо бимонад ё на, бояд раҳо карду рафт.

Амир Исмоил: Дуруст аст, вақте мо бо мардуми он чунин зулмро раво бинем, на ин ки Ҳирот, балки тамоми кишвар имкони аз даст рафтан дорад. Бародари ман, таваккул ба Худо кунед. Ӯ донандаи аҳволи ҳама аст...

Амир Исмоил аспашро метозонад ва аз ҳамсафонаш босуръат дур мешавад.

Абуғоним Ҳамид аз Балх, аз назди Амри Лайс баргашта буд. Ва бесаборона омадани бародараш ва бузургони сипоҳро интизор мекашид. Аз тӯҳфаи овардааш барои бародараш аз шодӣ дар кушк намегунҷид. Ва ниҳоят сабраш ҳам сар омад, вале аз амир дарак набуд. Бар асп нишаста ба суроғи бародараш баромад. Ва онҳо дар дармадгоҳи шаҳр, дар назди дарвозаи Тӯс ба ҳам рӯ ба рӯ шуданд.

Ҳомид: Муждагонӣ, шоҳам! Аз ҳама меҳнат бирастем!

Амир Исмоил бо тааҷҷуб ба ӯ менигарад, вале ҳарфе намезанад ва ҳатто аспашро боз намедорад. Ва дар дил ба соддалавҳии бародараш ҳасад мебарад: “Чӣ осон хешрову дигаронро аз мушкилот наҷот медиҳанд! Ин меҳнат, ки ӯ мегӯяд ҷуз ишкам чист? “ Беғаму босафо ба сӯйи Абуғоним — ин бародари аз ҳама хурдияш лабханд мезанад.

пешина
аз 675
навбатӣ