Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
берун меоварад ва болои рахташ мегузорад. Кӯлоге, ба тасаввури ин, ки васлаҳои гӯшт аст, онро даррабуда бо худ мебарад. Чун он зан назди мо шеван карду ин қазия гуфт, мо ба думболи кӯлог фиристодем. Ва чун кӯлог худ аз тарс онро раҳо кард ва иттифоқан дар чоҳе афтод. Ва чун касеро ба чоҳ карданд, ӯ муждаи сандуқҳои зарро, ки дар он пинҳон буд, бад-онҳо дод.
Амир Исмоил: Маълум кардед, ки ганҷи кист?
Исҳоқ: Зоҳиран инҳо аз ганҷҳои пинҳони Амри Лайс бояд бошанд. Мардум ҳамчунон тахмин мекунанд.
Ҳамӯя: Худоро шукр, он чи мехостам бар мардуми Ҳирот таҳмил кунем, он ба даст омад.
Сандуқҳоро оварданд. Сари сандуқҳоро боз карданд. Амир Исмоил ин лаҳзаҳо мутаваҷҷеҳ гардид, ки асҳобаш ҳузури ӯро билкул фаромӯш кардаанд ва бо тамоми ҳуш ва завқи моломол аз шодӣ чашм сӯйи сандуқҳо бастаанд. Хост онҳоро ба худ оварад, вале аз нияташ баргашт, то бубинад ҳирси ишон то ба куҷо кашида мешавад. Ӯ ба ҳар кадоме бо диққат менигарад ва бо тамасхур лабханд мезанад.
"Мо дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл... Агар худ инсон тамоюл ба тағйир пазируфтан надошта бошад, агар худи ӯ ин ғаризаи хуфтаро дар худ бедор насозад, кӯшиши беруна муҳол аст, ба мисли дар ҳован об кӯфтан аст".
Амир Исмоил: Бо ин зар чӣ мекунед?
Исҳоқ: Ба сипоҳ харҷ мекунем ва ҳар чи боқӣ монд ба байтулмол месупорем.
Амир Исмоил: Хуб... Байтулмол ба ин маблағ эҳтиёҷ надорад.
Исҳоқ: Дар байтулмол гатрифие нест, ки ба сипоҳ харҷ кунем, пас...
Амир Исмоил: Байтулмолро ба ин роҳ пур намекунанд. Ҳар чӣ боқӣ мемонад, ба омили шаҳр супоред ва назорат кунед, ки он дар сохтани мактабҳо сарф шавад.
Ҳамӯя: Шаҳр мактаб дорад.
Амир Исмоил: Ду-се мактаб кофӣ нест. Ҳеҷ тифле набояд берун аз омӯзишу парвариш бимонад.
Ҳоҷиб медарояд.
Ҳоҷиб: Амирам, сарбозе бор мехоҳад. Ӯ иддао мекунад, ки супориши худи шоҳам аст.
Амир Исмоил: Бигӯ дарояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё