Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Амри Лайс аз назди эшон хорич мешавад. Абдуҷабор бинни Ҳамза кунҷковона ба Абуюсуф Яъқуб менигарад. вале ӯ худро ногумон мегирад ва чунон вонамуд месозад, ки чизеро намефаҳмад.

Абдуҷаббор: Шумо чӣ мехостед, ки Амр аз иҷро шуда-наш ноумед гардид?

Абуюсуф: Магар ин замон баргаштан ба он дигар мо-ҳияте дорад? Чизе набуд, ҳеҷ чизе набуд...

Абдуҷаббор ҳамчунон ба Абуюсуф кунҷковона ин бор вале нобоварона менигарад. Нигоҳаш гӯё аз ҳилоли анде-шаҳои ӯ гузар мекунад, вале Абуюсуф худро нигоҳ дошта наметавонад ва бехудона, вале хашмгинона фарёд меза-над.

Абуюсуф: Ҳо, буд! Мо мехостем онҳоро муттафик созем, як созем! Шунидед, нашуд! Ҳамааш барбод рафт. Васса-лом.

Ба аҷала баромада меравад. Абдуҷаббор бинни Ҳамза бо андешаи худ танҳо мемонад. “Пас маро дар ҷараён дош-танӣ будаанд! Ва ё маро ба тарафи хеш кашидан мехос-танд. Ман бояд нақши миёнҷиро иҷро мекардам. Шояд мақсади хубе буд. Вале ҳамааш барбод рафт. Шояд ҳанӯз фурсате боқӣ бошад? Шояд? Чорае бояд кард. То ки ҳадаф нақше бар об намонад. Абоиброҳим худ ҳамчунон орзуе дошт. Агар тағйир наёфта бошад, пас имкон дорад. Охир, ӯ орзуи баргардонидани иззати аздастрафтаи ин кишвар-ро дар сар мепарварид. Имрӯз ин имкон вуҷуд дорад. На-мебояд ноумед шуд. Аббосиҳо хилофи ормонҳои ин кив-шар рафтор намуданд ва тааҳудоти хешро дар қиболи Абумуслим аз ёд бурдаанд.

Ҳеҷ монеае вуҷуд надорад, ки инҳо яке бишаванд,ранҷ-ишҳояшонро, ки байни салотин як амали маълум аст,фа-ромӯш кунанд. Ин ранҷишҳо дар баробари чунин ҳадафе беарзиш мешаванд. Ин фурсатро набояд аз даст дод...”

Ва аз дунболи Абуюсуф ба чорбоғи қаср мебарояд, то ӯро дилдиҳӣ кунад, ки ҳанӯз чизе барбод нарафтааст, “ҳанӯз имкон вуҷуд дорад”.

Муҳити нимравшани ҳуҷраи музайян вазнин буд. Амри Лайс чашм айнаки зону сохта буд ва дар худ гум

пешина
аз 675
навбатӣ