Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

шуда, кунҷи суффа менишаст. Ҳафс бинни Умар дилхура назди дар меистод. Ӯ саропо ҳайкали тарс шуда буд ва аз баноҳост оташ гирифтани Амри Лайс бим дошт. Амри Лайс ғайри чашмдошти Ҳафс бинни Умар андешамандо-наву хаёлолуд хомӯширо мешиканад.
Амр: (номаро дубора кушода мехонад).
Кӯшиши банда сабаб аз бахшиш аст,
Кори қазо буд, туро айб нест.
Буду набуд аз сифати эзад аст.
Бандаи дармондаи бечора кист?...
..Аввали махлуқ чӣ бошад? Завол!
Кори ҷаҳон аввалу охир якест...

Пас кори моро тамомшуда... Чӣ тасаллои хубе! Хуш ба ҳоли ишон, ки Муҳаммад Васиф будааст, вагарна баҳри тасаллои мо чӣ мегуфтанд?! Як даста беҷиғари парвой. Бешарафони тарсу (Оташ гирифта). Чаро ба номаи авва-ли ман посух надоданд?

Ҳафс: Вақте бори нахуст нома аз амирам ба Сиистон расид, сарҳангони лашкар Тоҳир ва Яъкубро фаро хонда, ишонро тарс доданд ки:
“Донед, ки чӣ рафт андар ин миёна? Он акнун ҳама Амр андар дил дорад. Накардед ҳарб он рӯз, то ӯ гирифта шуд, - ки танҳо ҳарб ӯ кард ва мо накардем ва ғорат кардан ки бо ӯ буд. Ва аз он ҷо биёмадем. Он чи аз мо рафт андар Хуросон ба ҳар шаҳре ва нишондани ту, ки Тоҳирӣ ва байъат кардан туро ва атият ту додӣ аз хазина моро ва бисёр ҳадасон ки аз мо уфтодааст ба ҳеҷ ҳол салоҳи мову ту нест, ки ӯро халос бошад. Ва чун ӯ берун омад, на ту монӣ ва на мо. Агар худ бо ин ҳама ризо хоҳад, мо он гаҳ он чӣ хоҳем, натавонем кард. Боқӣ ту донӣ. Ин вазифаи мо буд, ки туро биёғоҷонем”. Он гоҳ Яъқуб пурсид, ки: Агар ӯро раҳо созем, пас шумо чӣ хоҳед кард” гуфтанд: “Саҳрои худо васъ аст”. Тоҳир чора ҷуз қабул кардан надонист.

Амр: Пас фарзандонам бо дасти хеш маро ба хок супо-риданд. Як каси зиндае пайдо нашуд? Аз ҳар ҷо мурда буд?! Ва ё ӯ ҳам дар ин тӯтиа иштирок дошт?

Ҳафс: Ҳама ҳузур дошт. Тамоми лашкар ба Сиистон ҷамъ омада ва ба Тоҳир бинни Муҳаммад байъат карданд. То-ҳир вазоратро ба Аҳмад бинни Шаҳфур супурд ва ӯ зимо-ми ҳукуматро ба даст гирифт.

пешина
аз 675
навбатӣ