Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

барои ҳадафҳои дигарон ба қурбонӣ додан будааст! Акнун ки фурсате намондааст, ман пушаймон шудаам. Ман он қудратро доштам, ки метавонистам тибқи хостҳои худам зиндагӣ кунам. Шояд ин имконияти маро дигарон надоштанд. Аз ману аз онҳо наметавонад пурсиш яксон бошад, зеро онҳо зиндагишонро як амри мусаллам, ончунон ки ҳасту бояд бошад, қабул мекунанд. Ман ба ҳама амале, ки содир кардаам, дар ниҳон эътироз доштаам, нафрат доштаам. Ва он амалеро ҳам ки кардаам бо дуди‐ливу қароҳат кардааст. Шояд имрӯз фаҳмидаам, ки чунин эҳсосе доштаем.

Абдуҷаббор: Ҳар инсоне гирифтор ба чунин эҳсос ҳаст. Агар ин эҳсос реша дар имон надошта бошад, боке нест. Ҳамчунин ҳам бояд бошад, зеро инсон дубуна аст. Ҳар амале ки бақо надорад, мояи пушаймонист. Фақат як роҳ аст, ки пушаймонӣ надорад.

Амри Лайс: Бадбахтона, ҳар гуна андеша реша дар раги имон дорад, бар дини инсон мезанад.

Абдуҷаббор: Чаро бадбахтона? Андешае,ки реша дар имон дорад, сидқу сафо меорад. Аз заданаш иҷтиноб бояд варзид. Ин кори шайтон аст!

Амри Лайс: Дар реша давондан ва ё теша задани он фақат худи мо масъулем. Мо ин масъулиятро бо иродаи озоди худ қабул кардаем. Пас дар ин амр ҷуз ман касе дигар масъул нест. Иштикоки ман сари ин масъулият аст, ки зиндагимро дарҳам рехтааст. Метарсам, ки онро таҳаққуқ бах-шам, зеро медонам, ки аз сар баровардани он дунё аз ҳам фурӯ хоҳад рехт. Аввал худ шумо маро маҳкум хоҳед кард, ба мунофиқӣ айбдор хоҳед намуд. Вале ба шумо мегӯям, ки ман дар зиндагии худ мунофиқ набудаам. Онро буруз надодаам. Ҳарчанд дарунамро месӯзонад, хаёламро мун-чамид месозад. Фақат ҳамин лаҳзаҳоро, ки бо шумо дарди дил мегӯям, ором гирифтааст, балки ҳолати фурсаттала-бонаеро бо худ гирифтааст ва дар пайи ҳамон лаҳзаи му-вофиқест, ки аз нав сар кашад, исён кунад. Ҳанӯз аз буру-заш метарсам, ҳарчанд гумон мекунам, ки сари калобаро кушода бошам. Дигар бароям, он чунон ки гуфтам, фарқе намекунад. Хаста шудаам. Фурсате ки мондааст баросу-дан мехоҳам. Бигзор дигар дунё аз ҳам пошида шавад...

Онҳо лаҳзае хомӯш мемонанд. Баногоҳ бо эҳтирос Амри Лайс хомӯширо мешиканад.

пешина
аз 675
навбатӣ