Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Абдуҷаббор ибни Ҳамза ба мисли пештара даст боло бардошта боз “а-а!” хитоб намуд. Амри Лайс бо худ андешид. “Пирӣ бо қариву кӯриву шаллӣ ҳамзод аст!”

Амри Лайс: Пирӣ хузнангез аст. Ҳарчанд озод мечамад, вале афсурдаву хаста аст. Пояш шиканак медиҳад, пешпо мехӯрад, аз он ки чашмаш хира шудааст, танаш бе тавон гардидааст. Шояд гӯшош ҳам нашнаванд.

Ба назди Абдуҷаббор мегардад. Ва дар канори ӯ бар лаби суффа менишинад. Абдуҷаббор ибни Ҳамза аз ҳиҷолат эътироз кардан мехоҳад, вале Амри Лайс бо даст ба сина бурдан ӯро таскин медиҳад ва ба суханаш, ки барои Абдуҷаббор аз як ногуворӣ пардапӯш шуда буд, идома медиҳад:

-Замон ба мисли як нафас зуд мегузарад!

Абдуҷаббор: Умри нафс нафас аст. Ҳар кӣ ин нафас дар ёфт, бурд...

Амри Лайс: Вале ман чизе дарнаёфтам, шояд фурсат надоштам. Ҳамеша коре мекардаму чизи дигаре мехостам. Балки дар ман як хости бузурге вуҷуд дошт, ки ҳамеша алайҳи кирдорам бармехост. Ман кори худ мекардаму ӯ кори худ. Ҳеҷ гоҳ набудааст, ки мо ҳамоҳанг шуда бошем. Алҳол, ки бо шумо суҳбат мекунам, даруни гӯшом нағмаи дигаре танинандоз аст. Ин нағма тамоми зиндагим бо ман будааст, вале ман ҷуръати буруз додани онро дар худ наёфтаам. Балки ҳамеша аз садо доданаш тарсидаам. Тарси ман аз худам нест. Балки аз дигарон аст. Мабод ки маро ба бузургтарин ҷурме дар зиндагим иттиҳом зананд.

Абдуҷаббор: Оё ин лаҳза метавонед онро бо ман қисмат кунед? Он садо чист? Он қудрати пурзӯр чист, ки ҳамеша шуморо дар ҳолати инфиолӣ доштааст? Бим ба худ роҳ мадиҳед, ин ҷо фақат ҳардумон ҳастем.

Амри Лайс: Имрӯз зиндагии ман ба он ҳадде расидааст, ки ҳама гуна истихола варзидан дигар камоли пучӣ аст. Ман бо худ тасмимамро гирифтам, ки бояд онро барои худ яксара кунам. Ман бояд барои худам маълуму муайян намоям, ки ин зиндагие, ки ман паси сар гузоштам чӣ моҳияте, чӣ маъние дошт? Оё он зулме ки дар фурӯ нишондани оташи дарунам раво доштам, дуруст буд?! Магар умри гаронмояро ба беҳуда ҳадар насохтам? Бо вуҷуди ин ҳама истихолаҳо, гумон мекунам, ки зиндагим дурӯғ будааст. Тибқи иродаи дигарон амал кардан будааст, худро

пешина
аз 675
навбатӣ