Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

девони амидалмалик, девони соҳибшурта, девони соҳибмуайяд, девони мамолики хок, девони мӯхтасиб, девони авкоф, девони қазо бояд сохт ва омилони онро дар он ҷой дод.

Онҳо аз дари Регистон берун шуданд. То ба Даштак битамом хонаҳои мавзун, мунаққашу олии сангин ва меҳмонхонаҳои мусаввар то ҷаҳорбоғҳои хуш ва сарҳавзҳои некӯ аз рӯ ба рӯ намудор мешаванд. Дар ду тарафи роҳ ба ҳадде дарахти зиёд аст, ки офтоб ба сари кас намеафтад. Амир Исмоил то дергоҳ аз болои асп ин манзараро тамошо мекунад.

Дар ин чорбоғҳо меваҳои алвон фаровонанд, чун ношпотиву бодом, фундуку гелос, ангуру ҳар меваи дигар, ки фақат андар биҳишти анбарсиришт ҳастанд.

Амир Исмоил: Ин зиёъ бад-ин хуррамӣ кирост?

Абулҳафс: Оли Кашқаса. Аз ғурабои асили Бухоро ҳастанд. Дар замони фатҳи Бухоро Қутайба кушкҳои эшонро биситону ба аъроб дод ва ишон ин ҷойро обод кардаанд.

Амир Исмоил: Имрӯз ишон ба чӣ корҳо машғуланд?

Абулҳафс: Чунон, ки иброз доштам, оли Кашқаса аз ғурабои асил ҳастанд ва аз қадим ба тиҷорат машғул мебошанд. Ин зиёъ авлоди ишонрост. Ин кушкҳоро Кушки Муғон мехонданд. Ишон ислом наовардаанд. Ободонтар ва зеботар аз ин зиёъ ба Бухоро ҷое нест. Шоҳзодагону ғуломони ишон ба ин зиёъ рағбати калон доштанд, вале ба ҳеҷ қимате натавонистанд онро бихаранд.

Амир Исмоил: Диёрдорӣ аз онҳо бояд омӯхт. Э кош ҳама аҳли Мовароуннаҳр ҳамчунон мебуданд.

Абулҳафсу Исмоили Хавориҷӣ бо ҳайрату тааҷҷуб ба амир Исмоил менигаранд. Ба назари онҳо ин назари амир бидъат менамояд.

Абулҳафс: Инҳо, ки ҳамин дунё доранд.

Амир Исмоил (гӯё бо худ ҳарф мезанад): Мо ҳаминро ҳам надорем. Он чӣ дар дасти Худост, ба мо ошкор нест.

Исмоили Хавориҷӣ: Вале бар мо ваъда шудааст, мо аз даргоҳи карами ӯ умедворем.

Абулҳафс: Шайтон ноумед...

Амир Исмоил: Ман бо бузургии эшон сӯҳбат кардан мехоҳам. Ба кох даъват намоед.

Абулҳафс: Шаҳристонро ҷониби рустоҳо ҳафт дарвоза аст. Ин дарвозаи бозор аст ва мо онро Дари Атторон мехонем.

пешина
аз 675
навбатӣ