Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Амир Исмоил: Ба тафсил....

Абилҳафс: Пайваста амирони Бухоро дар ин Кӯйи Кох будаанд. Ва ин кохро деҳқоне асил Кадрахина нигаҳдорӣ мекард. Баъде, ки ислом пазируфт, ӯро ном Аҳмад шуд. Ин кохро аъроб аз ӯ гирифтанд. Ва ба соли саду панҷоҳ ворисонаш ба назди Абуҷаъфари Давонакӣ, ки халифа буд, даъво карданд ва қабола берун оварданд: ҳадди аввали он бораи шаҳристон пайвастаи Чубаи Бакколон аст. Ҳадди дуввумӣ ҳам бораи шаҳристон, ки пайвастаи бозори Писташиканон аст. Ҳадди саввум роҳи рост, ки аз ин дар то миёни шаҳристон, аз Дари Атторон то Дари Нун ҷумла як маҳалла аст, ки рабъи шӯристон аст. Ва як ҳазор дӯкон андаруни шаҳри Бухоро ва ҳафтоду панҷ пора деҳаи хос ба рӯди Бухоро ва фаровези осиёро доро буд. Ҷумларо пеши халифа даъво кард ва ҷумларо боз гирифтанд. Ва фарзандони ишон ин маҳалро пора-пора фурӯхтанд, то ин ки пароканда шуд дар дасти мардум.

Амир Исмоил: Аз онҳо касе боқӣ мондааст?

Абилҳафс: Касе намедонад.

Амир Исмоил: Асилзодагони Мовароуннаҳр ҳамаашон ҳамчунин сарнавишт доштанд? Ман мехоҳам ҳамаи асилзодагони Бухороро пайдо кунед ва ба Арк оваред.

Абилҳафс: Кадом асилзодагонро?

Амир Исмоил: Магар Бухоро дигар хел асилзодагон ҳам дорад? Онҳоеро, ки Бухороро бо номи ишон мешиносанд ва ин шаҳрро бино ниҳодаанд. Дигар онҳоро бояд аз кунҷи магорбастаи фаромӯшӣ берун кашид ва аҷрашонро ба ҷо овард. Бо тамоми асилзодагони ин диёр ҳамчунон бояд рафтор шавад. Э дареғо, ганҷи Бухоро дар вайронаҳо...

Офтоб дар паси касру кӯшкуҳҳои шаҳр ғуруб мекунад. Ва боз чанд тулӯъу ғуруби дигар. Амир Исмоил бо аҳли риқобаш дар байни мардум деҳ ба деҳ мегардад. Бо мардум мунозира мекунад, чизеро исбот карданӣ мешавад ва боз бо ғуруб рафтани хуршед ба Арк бармегардад. Шабҳо дар масҷидҳои кандакории шаҳр бо мардум баҳсу мунозира мекунад. Амир Исмоил тайи чанд ҳафтаи пурҷидолу пурташвиш тағйир ёфтааст. Ранги сафеди пӯсташ сӯхта, чашмонаш

пешина
аз 675
навбатӣ