Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
беморгуна фурӯ рафта, асабӣ, хаста ба назар менамояд.
Шаб аст. Аз масҷид меояд. Бо Фазлу Яҳё ва Аҳмад бинни Муҳаммад ал-Лайс ба ҳуҷраи мунаққаши ороста ворид мешаванд. Болои хон лаълиҳои пурмева ва ҷомҳои шарбат гузошта шудааст.
Амир Исмоил: Истиҳола накунед, дилатон ҳарчӣ мехоҳад, он кунед. Ман шуморо мешиносам. Сеяк бифармоям? (Лабханди талх мезанад, ёронаш вокунише нишон намедиҳанд). Таи ин чанд ҳафтае, ки дар Бухоро ҳастем, чӣ бардошт кардаед? Мулоҳизаҳоятонро беибо иброз намоед... (Аз ваҷоҳаташон ҳувайдост, ки чизе гуфтан мехоҳанд, вале ҷуръат намекунанд. Амир Исмоил хӯшаи ангурро бардошта тамошо мекунад ва донае канда боқиро рӯи лаълӣ мегузорад). Чӣ фарқ дорад, ин донаро мехӯрӣ ва ё шарбатеро, ки аз он ҳосил шудааст?.. Не, бобо, инаш ҳалолу онаш ҳаром... Вале Муовия чунон маст мешуд, ки ҳангоми хутба ба хонданаш ғалат мекард. Ҳорунро касе ҳушёр надидааст. Бифармоед, ҷанобом. Ман имрӯз сари меҳрам. Хастагиро рафъ намоед. Агар то саҳарӣ ҳушёр нашавед, Хоҷаи Сағир ривоят меёбад (ба сӯйи Фазл бинни Муҳаммад чашмак мезанад). Дар май басо фазилатҳост. Аввало, қулфи замон мекушояд, дуввум, ҷасорат мебахшад... Алҳол барои мо ин ду фазилаташ басанда аст... Бирав, май биёр.
Ашнас, ки то ба ҳол ҳузураш аслан ҳис карда намешуд, ба мисли як зарфи қулуфте ба ҳаракат меояд ва берун меравад.
Фазл: Магар...
Амир Исмоил: Ин ҷо амир моем. Алҳол... дил қавӣ кунед, ва аз ҳеҷ чиз, ба ҷуз разолату фасод бим, мадоред. Ба зарурат раво бошад.
Фазл: Чӣ зарурате?
Амир Исмоил: Уқдаҳо аз дил кушоед. Таи ин чанд ҳафта ба ҷуз қазовати кори дигарон, аз шумо ҳарфе нашунидаем. Бирезед, он чӣ дар дил гирифтаед.
Фазл: Амирам, магар мо ҷуръати онро дорем, ки бар дил гирем?
Амир Исмоил: Валлоҳу аълам.
Фазл: Амирам...
Амир Исмоил: Чаро бародари бузурги мо хомӯшанд, чаро соҳибшуртаи мо ба даҳон об бурдаанд? Ва ё эшон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё