Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
медиҳад ва вазифаи шумо бе таъхир ба байтулмол фирис-тодани он аст. (Ба Хоҷаи Бузург муроҷиат намуда) Вазъи кунунии Бухороро ба ишон бифаҳмонед ва агар дигар да-стуре доред, бидиҳед.
Амир Исмоил: Ман аз авзои Бухоро ва навоҳии гирду атрофи он бохабарам.
Амир Наср: Пас одамони барои худ наздикро интихоб кунед. Ҳарчӣ тезтар, хубтар. Вазъият ҳарчӣ зудтар ба Бу-хоро рафтани шуморо такозо мекунад. Шумо тасмими киро дар кадом вазифа бо худ гирифтанро кардаед?
Амир Исмоил: Бале, шоҳам.
Амир Наср: Бифармоед.
Амир Исмоил: Писарамуи бузургворам Муҳаммад бин-ни Нӯҳ, Исмат бинни Муҳаммади Марвазӣ, Фазл бинни Аҳмади Марвазӣ ва Абдуҷаббор бинни Ҳамзаро.
Амир Наср: Ба истиснои Муҳаммад бинни Нӯҳ ва Абду-ҷаббор бинни Ҳамза ба боқӣ мувофиқем. (Ба Хоҷаи Бу-зург) Маншури моро бо ин мазмун бароред: Абоиброҳим – амири Бухоро, Исмат бинни Муҳаммади Марвазӣ – вазир ва Фазл бинни Аҳмади Марвазӣ – дабир. Боқӣ дар салоҳи-яти худи амир Исмоил аст.
Амир Наср аз тахт поён меояд, бародарро дигарбора ба оғӯш мегирад ва ҷабини ӯ мебӯсад ва дигарон амир Исмо-илро ба навбат муборакбод мекунанд. Амир Наср Ибро-ҳимро аз зери бағал гирифта, то ба назди дари баромад гусел мекунад.
Амир Наср: Амирам гумон накунанд, ки тайи ин муддат фориғ аз андешаи ишон будем. Шумо ҳамеша дар дили манед. Худо ёратон бод.
Амир Исмоил: Худованд нигаҳдоратон бод, шоҳам!
Дигарон: Паноҳ ба худо!
Амир Наср бармегардад ва ба Муҳаммад бинни Нӯҳ ва Абдуҷаббор бинни Ҳамза рӯ меорад:
– Будани шумо ин ҷо назди ман заруртар аст. Ман ба фазлу ройи шумо мӯҳточтар ҳастам.
Онҳо таъзим мекунанд: Мо бандаи шоҳам ҳастем.
Амир Наср: Фардо амир Исмоил ба роҳ мебароянд. Тадоруки сафари эшонро бояд дид. Бояд тамоми бузургони дарбор ва вилояти Самарқанд ба гусели амир бароянд. Бояд таҷлили гусел пуршукӯҳ гузарад, то амирам бадгумон нараванд. Маншури моро ба ҳама вилоятҳо бифиристед, бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё