Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

БУХОРО

Тамоми бузургони вилояти Бухоро бо саркардагии Абузакариё Яҳё, Абилҳафси Сағир ва шуртаи Бухоро Ҳусайн бинни Аъло дар даромадгоҳи Кармина интизори вуруди амир Исмоил истодаанд. Амир Исмоил бо ҳамсафаронаш намудор мешавад ва бузургдони Бухоро аз аспҳо ба зер омада, пиёда ба истиқболи ӯ мераванд. Амир Исмоил бо наздик шудани пешвозгирандагон аз асп пиёда мешавад ва ба тақлид аз ӯ аҳли риқобаш низ пиёда мешаванд. Амир Исмоил аввал Абилҳафси Сағирро ба оғӯш мекашад ва баъдан бародараш Абузакариёро. Ва мобақии дасти амирро мебӯсанд. Онҳо чанд фосила пиёда рафта баъд ба аспҳои хеш мешинанд. Аз миёни киштзорҳо ва боғистонҳои сабзу хуррам мегузаранд ва ба Бухоро мерасанд. Аҳли Бухоро пиру ҷавон, зану духтар ба кӯчаҳо рехтаанд ва аз амир Исмоил истиқбол мекунанд. Хайли амир Исмоил дар даромади Бухоро таваққуф мекунад ва амир бо вазиру дабираш аз ҳамсафарон ҷудо шуда ба қабристон мераванд ва ду ракъат намоз гузорда боз бармегарданд.

Амир Исмоил: (Ба Хоҷа Абилҳафс). Кӯтоҳии гузоштаро боястӣ ислоҳ кард.

Хоҷа Абилҳафс: Фоли нек аст. Иншооллоҳ, дигар ҳама корҳо ба сомон хоҳад шуд.

Амир Исмоил: Ло амала илло биниятин, яъне ҳеҷ кирдоре арзиш надорад, магар ба ният. Ва боз аз паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст, ки фармуд: "Ҳамоно кирдорҳо дар гарави ниятҳост. Ва ҳар кас ҳар чӣ қасд намуд, барои ӯст". Иннам-ал-аъмолу бинниёти ва ликулли амрин монаво.

Хоҷа Абилҳафс: Барои ман фазилати амирам маълум буд, вале на ба ин дараҷа.

Амир Исмоил: Чӣ ҷои тааҷҷуб! Сирати шоҳон ҳамчунин бошад. Магар сирати Сиёвуш камтар аз сирати Исо алайҳиссалом буд?

Хоҷа Абилҳафс: Амирам?..

Амир Исмоил: Яъне қасди ман ин набуд, ки ӯро қиёс бо пайгамбар кунам, балки мехостам, бигӯям: дар гузашта шоҳони ин сарзамин масъулияти динии мардумро низ бар дӯш доштанд. Камокон банда аз ҳукумат кардан чунин бардошт дорам.

пешина
аз 675
навбатӣ