Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Дастҳояшро аз қабати панҷаҳои нарми Шаҳбону раҳо карда ба сӯйи панҷараҳо бармегардад. Пушти куртаи шоҳ дарида буд ва гулгун шуда. Амир пардаҳоро ба як сӯ мекашад. Ҳанӯз шаб аст.
Шаҳбону: Худовандо, ин чӣ ҳол аст?! (Мехоҳад фарёд занад, вале шоҳ ба суръат баргашта даҳони ӯро медорад).
Амир Исмоил: Шаҳбону, ором шавед, ман фақат хоб дидаам... Дигар ҳеҷ... Ман ҳам чизеро дар намеёбам.
Паси дари шабистони шоҳ садои ғуриши шерон меояд. Амир Исмоил Шаҳбонуро ба рӯйи тахт мехобонад, рӯяшро бо рӯпӯши барешими мепӯшонад.
Амир Исмоил: Ором шавед... Ман худам ҳам чизеро дар намеёбам... Тоза бояд шуд...
Паси даре ғайб мезанад ва пас аз лаҳзае бо сару рӯйи тоза ва либоси ивазшуда пайдо мешавад. Шаҳбону ба андеша фурӯ рафтааст. Амир Исмоил ҷойнамозашро паҳн карда ба намоз меистад.
Субҳ медамад. Садои рафтуомади ғуломон шунида мешавад. Амир Исмоил ҷойнамозашро ҷамъ карда ба назди Шаҳбону меояд. Ҳанӯз ранг дар рӯяш нест.
Шаҳбону: Бемор шудаед? Табибро даъват бояд кард.
Амир Исмоил: Бону беташвиш бошанд. Ман бемор нестам.
Шаҳбону: Ранг дар рӯятон нест. Боз хоби асроромези шабона...
Амир Исмоил: Ин бори аввал нест, ки ман чунин хоб мебинам... Пеш аз ҳар иқдоме ё тасмиме чунин ҳолат ба ман рух медиҳад. Намедонам, ки ин ҳолати беморист ё илҳоми ғайбӣ. Дар ҳар сурат хуб мебуд, агар онро Шаҳбонуи азиз фаромӯш мекарданд.
Шаҳбону ҳайратзада ба амир Исмоил хира мешавад. Фарзандон аз хоб хестаанду ба саломи падару модар омадаанд.
Боргоҳи шоҳ
Аъёну ашрофи Бухоро ҳама ҷамъ омадаанд. Ҳоҷиб ба боргоҳ ворид шуда ҷор мезанад:
— Амир Исмоил меоянд.
Ҳозирон ҳама аз ҷой мехезанд ва мунтазири вуруди амир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё