Зеҳн
Тайёраи нав омад

Китоби мазкур асари бадеии Назар Табарзодаи Деҳбаландӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо ва навиштаҳои муаллиф пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 26 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

АЗ ШОНАИ ГУРГАК ҚИМОБ

Буд дар деҳаи таги кӯҳ,
ЯК марди бегаму андӯҳ.
Домуллораҳими қассоб,
Аз шонаи гургак2 қимоб.
Яқ бача усал мекардаш,
Ранҷонда касал мекардаш.
Борҳо бигуфт, «Эй бача,
Ту шӯхӣ накун дар кӯча».
Аммо мекард, ӯ такрор,
Қапидаш дар пеши девор.
Аз оташи қаҳри бадаш,
Бардошта дар таги каш.
Ӯро паси девор бурд,
Ними гӯша сахт газид.
Алиакрамҷони арбоб,
Ба ӯ ниҳода номи боб:
Домуллогургаки қассоб,
Аз шонаи гургак қимоб.

2 Шонаи гургак - растании бӯгин аст. Гургҳо ба ӯ худро мемоланд, то ки кайку канаҳои баданашон аз бӯйи нохуши ин растанӣ резанд.

пешина
аз 26
навбатӣ