Тайёраи нав омад

Китоби мазкур асари бадеии Назар Табарзодаи Деҳбаландӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо ва навиштаҳои муаллиф пешниҳоди хонандагон гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 26 саҳифа
СИТОРАИ РӮЗИ МАН
Ситораи рӯзи ман,
Ғамхору дилсӯзи ман.
Дилам лабрези ғам буд,
Шудӣ пандомӯзи ман.
Аз панди чу қанди ту,
Аз меҳри даҳчанди ту.
Дарду ғам аз дилам рафт,
Дар ҷонам пайванди ту.
Як қарн зинда бошӣ,
Дар ёдам монда бошӣ.
Дар хонаҳои бахтат,
Бо лаби ханда бошӣ.
Ситораи рӯзи ман,
Ғамхору дилсӯзи ман.
МАН МЕВАИ МОДАРАМ
Модар аз синаи покаш ширам додаст,
То мард шавам, ӯ дилпазирам додаст.
Ин модаракам ба ҷон баробар бошад,
Дар тори сарам чу моҳу ахтар бошад.
Ҳар гаҳ нигарам ба чаҳраи маҳзунаш,
Ғамҳои дили варо кунам берунаш.
Ёду хуши ман фақат дар шеваи ӯ,
Вай боғи падар бошад, ман меваи ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё