Тайёраи нав омад

Китоби мазкур асари бадеии Назар Табарзодаи Деҳбаландӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо ва навиштаҳои муаллиф пешниҳоди хонандагон гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 26 саҳифа
ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданОҲЕ! ЧАШМАМ ДАРИДЕ!
Хуршедаки самоӣ,
Ту зиндагии моӣ.
Бо ту кунам якдамак,
Бозии чашмбарак.
- Оҳе! Чашмам дариде,
Қариб аз сар париде!
Хуршедаки самоӣ,
Ту дар бозӣ балой.
Чашмама хира сохтӣ,
Ту бозиро бохтӣ.
БАҶОШАВАКОН
Офтобаки гармакак,
Гармакаки нармакак.
Бо ман баҷошавон кун,
Ҳарчӣ гӯям ҳамон кун.
Ана, биё сар кардем,
Бо ҳам баробар кардем.
Ана, ман баҷо шудам,
Канӣ гӯ, куҷо шудам?
Нигаҳ кардӣ надидӣ,
Ширин, ширин хандидӣ.
Ман дар пушти дар будам,
Дар пеши додар будам.
Аз ин бозӣ ман шодам,
Навбатро ба ту додам.
Пуштам ба ту, кардам сабр,
Баҷо шудӣ пушти абр.
Гарчӣ туро надидам,
Бозиро ман буридам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё