Зеҳн
Тайёраи нав омад

Китоби мазкур асари бадеии Назар Табарзодаи Деҳбаландӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо ва навиштаҳои муаллиф пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 26 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

МӮРЧА КАСАЛ ШУДАСТ

  • Модарам касал шуд,
    Дасту пояш шал шуд.
    Пашшаҷон, пашшаҷон,
    Ту паррону чаққон.
    Дар пуштат монам бар,
    Ба хона, пеши дар.
    Хонаро медонӣ,
    Бурда ҳам метонӣ.
  • Хонаро медонам,
    Бурда ҳам метонам.
    Ман дар хизмат тайёр,
    Ту ба ёдат биёр.
    Малахак касал буд,
    Дасту пояш шал буд.
    Ту ёрӣ надодӣ,
    Аммо кардӣ шодӣ.
    Мӯронро фармудӣ,
    Аз вай беғам будӣ.
    Вайя хона бурдӣ,
    Бо ёронат хӯрдӣ.
    Малахак лаънат хонд,
    Дили ман аз ту монд.
пешина
аз 26
навбатӣ