Зеҳн
Тайёраи нав омад

Китоби мазкур асари бадеии Назар Табарзодаи Деҳбаландӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо ва навиштаҳои муаллиф пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 26 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

КИНА НАДОРАМ ДИГАР

Санге аз рӯйи роҳам,
Задам ба пеши пойям.
Ғелида рафт дарё,
Нолида рафт дарё.
Он гаҳ рафтам ба хона,
Апаҷонам Ҷонона.
Барои ман ош овард,
Дар вақташ дар ҷош овард.
Бо иштиҳо мехӯрдам,
Дар коса монда буд кам.
Ногаҳ ба зери дандон,
Санге ба чени марҷон.
Дандонамро шикаст ӯ,
Иштиҳоям бубаст ӯ.
Гирифтам дар кафи даст,
Гуфтам: ба ман кардӣ қасд!
Дандонамро шикастӣ,
Иштиҳоямро бастӣ.
Ту будӣ хеши он санг,
Ту кардӣ номусу нанг.
Ҳар ду шудем баробар,
Кина надорем дигар.

пешина
аз 26