Тайёраи нав омад

Китоби мазкур асари бадеии Назар Табарзодаи Деҳбаландӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо ва навиштаҳои муаллиф пешниҳоди хонандагон гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 26 саҳифа
АдабиётҚисса
Аз аввал хонданБУД НАБУД, БУД ҚОРУН
(Афсона)
Буд набуд, буд Қорун,
Молаш аз ҳад афзун.
Рамаҳояш дар дашт,
Чаро карда мегашт.
Дар хона нон надошт,
Вай гандум намекошт.
Як саночак¹ дар пушт,
Дарунаш пур аз гӯшт.
Мехӯрд гӯшта худаш,
Устухонаша сагаш.
Рама ронд, рама ронд,
Худаш мурд, номаш монд.
ШАМОЛАКИ БЕПАРВО
Шамолаки бепарво,
Мегардӣ дашту саҳро.
Кӯҳба зӯрат нарасид,
Мечунбонӣ себи мо.
Хоку қума мерӯбӣ,
Дар сари мо мекубӣ.
Шамолаки ҷақонак,
Боре накардӣ хубӣ.
– Ана ту хубима бин,
Мева резонам, ту чин.
Мевара серӣ хӯрдӣ,
Маро нагӯ ту, бадкин.
¹ Саноч – халтаи чармӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё