Тайёраи нав омад

Китоби мазкур асари бадеии Назар Табарзодаи Деҳбаландӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо ва навиштаҳои муаллиф пешниҳоди хонандагон гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 26 саҳифа
АдабиётҚисса
Аз аввал хонданАГАР ШАМОЛАК НАМЕБУД...
Аз абри нуқрагинам,
Аз хушкии заминам.
Як ҳафта шуд хабар нест,
Дуд аз гӯши алаф хест.
Хуршед аз реша нам хӯрд,
Лола дар беша ғам хӯрд.
Пойи гандум варам кард,
Пеши шамол алам кард.
Шамолаки чаққонак,
Кӯҳҳоро кард помонак.
Сӯи Найсон сафар кард,
Абр аз Найсон хабар кард.
Дар як нафас омаданд,
Бо сад ҳавас омаданд.
Ҳаворо зуд пӯшиданд,
Ба боридан кӯшиданд.
Пойи гандум даво ёфт,
Ҷони гандум раҳо ёфт.
Шамол агар намебуд,
Пойи гандум шал мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё