Зеҳн
Тайёраи нав омад

Китоби мазкур асари бадеии Назар Табарзодаи Деҳбаландӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо ва навиштаҳои муаллиф пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 26 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

БАЧА ШАВАД РАҲГАРДОН

Бача шавад раҳгардон,
Оча шавад саргардон.
Аз дар берун меравад,
Ҷониби чӯ медавад.
Дар хоку лой олуда,
Меорадаш Мавлуда.
Чашми чапаш ба оча,
Чашми росташ ба кӯча.

АЛЛАИ МОДАР
(Суруд)

Дар чашму абрӯйи ту,
Дар қади дилҷӯйи ту,
Дар лаби хушгӯйи ту,
Ман мураму ман мурам.

Дар қаду бастат садқа,
Дар чашми мастат садқа.
Дар даву шастат садқа,
Дар зеби дастат садқа.

Менависӣ, мехонӣ,
Ояндаро медонӣ.

пешина
аз 26
навбатӣ