Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.

Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

ТЕЗГЎЯКҲО

Тезгўякҳо барои кўдакони синни хурди томактабӣ Мураббия тезгўякро се маротиба худаш такроран мехонад ва кўдакон ҳам дар пайравӣ бо ў тезгўякро такрор мекунанд. Ин усули кор минбаъд ҳам истифода мегардад. То он вақте ки онҳо маҳорату малакаи зарурӣ пайдо накунанд ва шавқу завқашон ба тезгўяк афзун нагардад.

Ин намуди бозӣ асосан барои дуруст ва рост намудани забони кўдакон, ҳамчунин дар рушд ва инкишофи тафаккуру зеҳни онҳо низ мусоидат хоҳад кард. Илова ба ин, кўдакон тадриҷан ба мустақилона ва озод аз бар намудану гуфтани тезгўякҳо маҳорат пайдо менамоянд.

Шохи сада серсоя

*

Тик-тики соат,

Чик- чики гунҷишк.

*

Сад сар як сар,

Як сар дарди сар.

*

Шаш шиша сандуқ шикаст

*

Чавалай гала дора,

Ду байтали ала дора.

*

Сад ялалӣ як ялало.

*

Ирў чил тўп чит,

Ўрў чил тўп чит.

*

Кулча дар сари кўча,

Кўлча пури моҳича.

*

Чокак чок гуфт,

Гунҷишк чик.

*

Бобом бодом овард,

Котиб китоб овард.

*

Гова дидам , оба хўрдам,

Оба хўрдам, гова дидам.

Тезгўякҳо барои синфҳои 1-2

Тезгўякҳои зайл нисбат ба тезгўякҳои кўдакони синни томактабӣ интихобшуда нисбатан душворталаффузанд.

Бо вуҷуди ин, онҳо низ дар зеҳну инкишофи тафаккури хурдсолон ба қадри ҳол мутмаинем, ки мусоидат карда метавонанд.

Сангу сангча дар санглох.

*

Сад саг ба се саг як саду се саг.

*

Аспам лойолуд, Ёли аспам лойолуд.

*

Ин тутча читу тутча,

Дар ҳавлича ду тутча.

*

Ман олу хўрам, ту нок,

Ту нок хўрӣ, ман олу.

*

Як мушт писта ба бист мушт писта.

*

Ин тешача чӣ тешача,

Ин пистача чӣ пистача?

*

Шамсиддин шаш шутур дошту сесаду ду саг.

*

Шаб се шамъ андар сарой рўшноӣ кард.

*

Шаш шаршара дар дара,

Дар дара шаш шаршара.

*

Кафтар бача кард, бачаи кафтар бача кард.

*

Дар дасти бача кулча,

Дар дасти оча бача.

Тезгўякҳо барои хонандагони синфҳои 3 - 4

Чалпак чалапу чалаб лабу лаб чали чалпак.

*

Панҷу ду панҷ понздаҳ чилучору шонздаҳ.

*

Харкафтар бача кард, бачаи харкафтар ҳафт харкафтар бача кард.

*

Чил тўпи чити мо хуб аст?

Чил тўп чити шумо?

Чил тўп чити мо

Аз чил тўпи чити шумо

Чил тўпи чити мо хубтарак аст.

*

Аз як дара себ омад, аз дара сел.

*

Мо бист-бист дост доштем,

Шумо чанд бист-бист дост доштед?

*

Сармои сахт шиша шикаст,

Шохи шамшод шилшила баст.

*

Барги шалғам шапалоқ,

Бехи шалғам шумталоқ.

*

Шаст сада шинондем,

Шаст шамшод.

*

Ман кабка мепарронам ту кайка.

*

Як сол мо бист дост доштем.

*

Чумчуқ дар чумча об хўрд.

*

Дар бозори Шаҳри Сабз кавши сабз шаш танга.

пешина
аз 25
навбатӣ