Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.

Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

ГУРЕЗ, ПАРПО, УҚОБ ОМАД

Бачаҳо дар бозиҷой ҷамъ шуданд. Шарофат шумурак гуфт:

Ба боғаш боғбон рафт,

Селаи зоғон рафт,

Мири паҳлавон рафт,

Уштури корвон рафт.

Ҷав расиду тут пухт,

Кафи пои ту сўхт!

Ҳар бор, ки шумурак ба охир мерасид, як нафар бозигар аз давра берун мерафт. Вақте ки Хуршедаю Ҳалим дар охири шумуракгўӣ танҳо монданд, Шарофат гуфт:

- Яке аз шумоён бояд «мурғ» ва дигаре «уқоб» шавад.

-Кӣ «мурғ» мешавад, кӣ «уқоб»?

- Ин шарти бозӣ ихтиёран иҷро нашуд. Шарофат сангчаеро дар кафаш пинҳон кард ва ба Хуршедаю Халим фаҳмонд:

- Дар кафи яке аз дастонам сангчае дорам. Касе аз шумо ҳамон сангчаро ёбад, «уқоб» мешавад, наёбад «мурғ» мешавад.

Шарофат ду дасташро мушт карда, пеши Хуршеда омад. Хуршеда ба дасти чапу рости Шарофат зеҳн монд- зеҳн монду охир:

- Сангча дар дасти ростат!-гуфт.

Шарофат дасти росташро кушод, ки сангча нест.

Сангча дар кафи дасти чапаш будааст. Ҳамин тавр, Хуршеда «мурғ» ва Ҳалим «уқоб» шуд. Бачаҳои дигар «чўҷа» шуданд.

Мурғ бо «чўҷаҳояш» дар канори чапи майдон «катаке» сохт (Қаду бараш се метр) . «Уқоб» ҳам дар канори рости бозиҷой барояш «лонае» дуруст кард.

Бозӣ бо ишораи Шарофат шўруъ шуд. «Чўҷаҳо» камар ё домани ҳамдигарро гирифта, аз паси «мурғ» ба донаю нонрезачинӣ мебароянд. Оҳиста-оҳиста ба гашти мурғу чўҷа тақлид карда, майдони бозиро давр мезананд.

Роҳравон суруд мехонанд:

Боло-боло меравем,

Сайру тамошо меравем.

Резаи нона мечинем,

Донаи дона мечинем!

Бо ишораи Шарофат «уқоб» аз лонааш мебарояд ва қанотҳояшро афшонда-афшонда пеши роҳи «мурғ» мебарояд ва мегўяд:

Ҳой мурғаки шил-шилапо,

Як чўҷата бидеҳ ба мо!

«Мурғ» дар ҷавоб:

- Ҳой уқоби бачадўзди баднамуд, дина як ҷўҷаи парпоямро дуздидӣ, бас набуд?!

«Уқоб» мегўяд:

- Парпоята ман бурдам,

Валекин ман нахўрдам!

«Мурғ» бадқаҳр шуда мегўяд:

- Ту уқоби бадчангол, дурўғ мегўӣ! Агар парпоя нахўрда бошӣ, канӣ вай?

«Уқоб» оромона ба «мурғ» мефаҳмонад:

- Парпоята дар лонаам мондаму то хонаи қассоб барои корд, ба хонаи баққол барои намак, ба хонаи ошпаз барои дег, ба хонаи ҳезумкаш барои ҳезум рафта омадам, ки гурехта рафтааст. Бенасиб шудам.

- «Уқоб суханашро тамом карда-накарда , якбора бадхашм мешавад, қанот меафшонад ва ба «чўҷаҳо» дарфтода:

Ҳой, мурғаки шил-шилапо,

Як чўҷата бидеҳ ба мо!

Мегўяд ба такрор.

«Мурғ»: «гурез, парпо, «уқоб» омад!» гўён «чўҷаҳоро» муҳофизат мекунад. «Уқоб» кўшиш мекунад, ки чўҷаи дар охири сад (монеа) истодаро ба чангол дарорад. Агар ба ин муваффақ шавад, чўҷаро ба лонааш мебарад ва пас аз сонияе боз пайдо мешавад. Байни «уқобу» «мурғ» боз гуфтугў такрор меёбад. «Чўҷаҳо» камар ё домани ҳамдигарро сар надода, худро муҳофизат мекунанд.

Шарофат дар мобайни майдон истода, рафти бозиро назорат мекард.

Бозигарон монда шаванд, мефармуд , ки «уқоб» дар «лонааш» ва «мурғу чўҷаяконаш» дар «катакашон» дам гиранд.

Бозӣ то охирин чўҷаро рабудани уқоб давом мекунад.

ДУМ-ДУМИ НАЙЧАГИРАК

Бачаҳо давра гирифтанд. Шарифа шумурак гуфт:

Аваку давак,

Гандуму ҷавак,

Ту сумбулако,

Ту булбулако,

Ту шину нарав,

Ту барою дав!

Дар охири шумуракгўӣ Мавзунаю Манзура монданд.

Манзура «дугфурўш» шуд. Манзура «очаи бачаҳо».

«Дугфурўш» ба як канори майдони бозӣ нишаст. Бачаҳои дигар паи ҳам қатор шуданд. «Очаашон» дар пеши қатор, миёни ҳамдигарро дошта, майдони бозиро давр зада ва суруди зеринро роҳравон хонданд:

Дум-думи ночакам-е,

Оши полвончакам-е,

Ҷави навкўфтакам-е,

Нони лавсўхтакам-е!

Баъд назди «дугфурўш» омаданд. Манзура пурсид:

- Она , дугатон чанд пул?

- даҳ танга, духтарам, гир , дуги нағз, аз чўби дарахти мевадор.

Ўҳ, қимат будааст!- гуфт Манзура.

Ўҳ, дугаш, қимат будааст,

Оча беҳиммат будааст.

- гўён майдонро ду-се карат давр задаанду назди

«дугфурўш» омаданд. Манзура ба «дугфурўш» гуфт:

- Оча, канӣ дугатонро бинам!

«Дугфурўш» дугро дод. Манзура «оҳ, поякам сўхт» гуфту хам шуда, дугро ба бачаи дар қафояш буда дод. Вай

«оҳ, дастакам сўхт» гуфту аз таги дасташ ба дигаре дароз кард. Дигараш «мўякам сўхт» гуфту аз болои сараш ба шарикаш дод. Ҳамин тавр, дуг то бачаи охирини қатор рафта расид.

«Дугфурўш» дугашро талаб кард. Манзура бачаи дар қафояш бударо нишон дод. Вай бачаи сеюмро . Ҳамин тариқ, ишора то бачаи охирин рафт. Он бача гуфт, ки дуг дар дасти очааш.

Мавзуна боз пеши Манзура омаду гуфт:

- Дугамро деҳ!

- Оча, дугатонро бачаҳо гум кардаанд!

- Ба ҷои дуг бачаатро мегирам! - гуфт Мавзуна.

- Бачаи зиёдатӣ надорам. Яктоаш хонарўбакам, яктоаш шоликўбакам, яктоаш ошпазакам, яктоаш чойрезакам, яктоаш чойандозакам, яктоаш ҷойғун- доракам, яктоаш бозордавакам, яктоаш мактабравакам…

«Дугфурўш» тозон ба охири қатор рафта:

Хонарўбаката гирам!

Шоликўбаката гирам!

- гўён ба бачаи охирин ҳуҷум кард. Бача рафиқи дар пешаш истодаро сар надода, худашро аз «дугфурўш» дур гирифт. Очааш омада пеши «дугфурўш» истод.

«Дугфурўш» хонарўбаката гирам, шоликўбакатро гирам мегуфту ҳуҷум мекард. Дар охир як бача ба чанголаш бархўрд. Ўро да як гўшаи майдон – «хонааш» шинонду:

Мактабраваката гирам,

Бозорраваката гирам!

- гўён боз ба қатори бозигарон дарафтод. Оҳиста- оҳиста ҳамаи бачаҳоро дастгир намуда, ба «хонааш» овард. Аз болояшон дарро занҷир кард. Боз чанд дуги дигар дар даст, тағйири либос карда, назди дугфурўш омад?

- Она, дугҳои нўгтезатон чанд пул? - гуфт.

- Ду танга, писарам, ду танга.

- Ҳў он ҷо, ҳамин хел дугро даҳ танга мефурўшанд.

Ҳамин тавр? - гуфт дугфурўшу он сўи бозор давид.

Манзура «дарро» кушоду «бачаҳояшро» дигар сў гирифта гурехт.

Бозӣ ба охир расид.

пешина
аз 25
навбатӣ