Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Он мард дар беруни шаҳр як таноб заминро ба гирдаш девор кашида боғ карданӣ будааст.
Деворзанӣ камобеш ду ҳафта тӯл кашид. Аз ҳафтаи дуюм сар карда Восеъ ба суроғи аризачии ҳоким ҳар рӯз ба таги дарвозаи ӯрда мерафт, аммо ӯро фақат як бор дида тавонисту халос. Аризачӣ гуфт, ки Восеъ набояд бетоқатӣ кунад, зеро «кори подшоҳӣ тезбӯл қатӣ намешавад».
Боре мусофири мо аз бомдод то гашти рӯз лойхобонӣ ва деворзанӣ карда монда шуда, бегоҳирӯзӣ бо шарикаш дар самоворхонаи сари кӯча чой нӯшида нишаста буд, ки баногоҳ худи Остонақули ҳоким бо як тӯда мулозимонаш савора аз он ҷо гузашт. Восеъ дар дилаш «ӯро ба ман Худо расонд» гуфту пиёлаи чояшро монда аз ҷо бархост.
Дар сурате, ки дигар чойнӯшҳо ва аҳли кӯчаву бозор ҳама ба по хеста даст ба пеш гирифта ба муқтадиртарин мансабдори аморат таъзим мекарданду аз тарси навкару ясовулҳои яроқдору чӯбдори ӯ касе маҷоли як қадам пеш рафтан надошт, Восеъ рост рафта сари роҳи ҳокимро гирифт. Навкарони бий–додхоҳ фавран ба ӯ дарафтиданд, ӯ таслим нашуда бо тамоми қувваташ муқобилат намуда, наъра кашид, ки «Ба ман зулм карданд! Ман ба ҳоким арз дорам!» Ҳоким саре ҷунбонида ба навкарон ишора кард, ки яъне бигузоред арзашро гӯяд. Охир, ҳар як ҳоким кӯшиш мекунад, ки худро дар чашми халқ ҳалим, одил, фуқаропарвар нишон диҳад.
Остонақул низ ҳамин тавр.
– Арзатро гӯй, – вазнинона бо овози паст гуфт ӯ ба Восеъ.
– Ман аз Балҷувонам, тақсир, як деҳқони хокпош, ҷувозкаш ҳастам, – рост ба чашми бий–додхоҳ нигоҳ карда тез–тез ва бурро–бурро гап зада рафт Восеъ. – Бародари ман Назир барои мардикорӣ ба Шаҳрисабз омада буд, дар он ҷо ӯро бо туҳмати одамкушӣ ба зиндон андохтаанд. Ман дар Қаршӣ будани шуморо дониста ба ҳамин ҷо омадам, ариза нависондам, аризаамро ба дасти аризачӣ додам; ду ҳафта зиёд шуд, ҷавоби ариза набаромад.

пешина
аз 471
навбатӣ