АХТАРОНИ АДАБ

Амирқул чашмони мешии худро калон кушода тез–тез мижа мезад, ки ин аломати ҳайрон монданаш буд. Баъд ӯ нахустин бор ва он ҳам ба душворӣ лаб ба сухан боз кард:
– Хӯҷаин чӣ?
Лутфия ба чунин пурсиши ӯ мунтазир буд. Акнун занак оҳиста–оҳиста парда аз рӯйи роз бардорад ҳам мешавад.
– Ана ҳама гап ба болои ҳамин. Агар хӯҷаин маро талоқ медод, кор осон буд, аммо вай гӯрсӯхта талоқ додан намехоҳад, – гуфт ӯ ва сукут кард.
– Нахоҳад, чаро омадед?.. Худатон омадед... боз не мегӯед. – Ҳамин чанд калима мебоист ҳайронӣ, норизоӣ, гумону шубҳа ва пурсукови Амирқулро ифода мекард, зеро як ҷумлаи дароз гуфтан ба вай аз даравидани алафи як боғи калон душвортар буд.
– Кошкӣ вай мемурд, нест мешуд! – ногаҳон мушташро ба зонуяш пахш карда гуфт Лутфия.
Амирқул ҷунбише карду чашмонашро калонтар кушода боз мижа зада рафт. Боз сукуте ба миён омад.
– Чӣ дам меистӣ, ягон чиз гӯй ё пурс, охир! – тоқат накарда гуфт Лутфия.
Лекин анбури махсусе лозим буд, ки аз Амирқул сухан кашад. Лутфия дигар ёрои давом додани он суҳбати мушкилро надошт. Қарор дод, ки муддаои худро рӯйирост гӯяду монад. Ҳар чи бодо бод.
– Ман рози диламро ба ту гуфтам. – Лутфия ба по хест.
– Он тарафаш ба ихтиёри ту. Агар мард бошию маро хоҳӣ, илоҷашро худат меёбӣ. Шӯямро... яктарафа кун, ана баъд маро гир. Дуямон ба ягон ҷойи дур кӯчида меравем.
Ман пул дорам, чиз дорам: хоҳӣ ягонта дӯкон мекушоӣ, ё замин–памин харида деҳқонӣ мекунӣ.
Лутфия баромада рафт.
Амирқул дар ҷойи нишастааш–дар кунҷаки ҳезумхона кунда барин шах шуду монд. Гӯё санге ба сараш заданду рафтанд. Бечора «аз бозе, ки рӯбоҳ шуда буд, ба ин хел сӯрох дарнамонда буд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё