АХТАРОНИ АДАБ

Ин чӣ бадномист!
«Мекушам! Шӯяшро мекушам! Ё худамро мекушам!» – ба дилаш ҷазм кард Амирқул. Шабона ӯ чӣ тавр ба гузари Ғозиён рафтагиашро худаш ҳам надониста монд. Хонаи Иноятуллоҳ-бойбача ба тангкӯча пушт гардонда меистод, тарафи дигари тангкӯча боғистон ва юнучқазор буд.
Амирқул аз девори боғе ҷаҳида ба юнучқазор фуромад ва дар он ҷо соате пинҳон шуда хоб кард. Чун посе аз шаб гузашт ва кӯву кӯча тамоман сокиту ором гашт, ӯ бархоста боз ба тангкӯча дохил шуд ва ба қайрағоч часпида баромада худро ба боми хонаи бойбача гирифт. Моҳ ҳанӯз набаромада буд, ба пардаи сиёҳи шаб фақат рӯшноии ситораҳо андак сапедае мемолид. Амирқул гӯш андохт, нигоҳ кард – рӯйи ҳавлӣ сокиту ором буд, дар айвон ба болои кат соҳибони хона хоб карда буданд. Ӯ бом ба бом (хонаҳои ҳамсояҳо ба ҳам ҷафс буданд) хазида худро ба бомчаи ҳезумхонаи воқеъ дар канори дигари ҳавлӣ расонд. Дар байни ҳезумхона ва ҳоҷатхона ба қадри гунҷоиши тани одам фосилае мавҷуд ва дар он фосила кундае хобида буд, Амирқул оҳиста аз бомча ба болои кунда пой монда пойин фуромад ва дар пушти кунда камин гирифта нишаст. Мунтазир буд, ки шояд бойбача барои қазои ҳоҷат барояд. Ӯ надонист чӣ қадар вақт гузашт, аммо ногаҳон садои сулфа ва баъд шарфаи пой шунида шуд. Марде ҷома ба китф ва пойи ба кафш омада ба ҳоҷатхона даромад. Вай, бешубҳа, Иноятулло бойбача буд.
То омада расидани ӯ Амирқул худро ба паси ҳоҷатхона гирифта, дам ба дарун кашида истод. Аз ҳоҷатхона ба берун пой ниҳодани бойбача ҳамон буду ба паҳлуяш корд хӯрда ғалтиданаш ҳамон...
Амирқул боз худро аз болои кунда ба бомчаи ҳезумхона гирифту аз он ҷо бом ба бом хазида рафта ба тангкӯчаи пушти ҳавлӣ фуромад.
Дар субҳидам доду фарёди Хайрӣ ва модари ӯро шунида ҳамсояҳо ҷамъ шуданд. Баъд хешу табори мақтул омаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё