Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар болои мурдаи Иноятуллоҳ-бойбача он ки аз ҳама баландтар доду фиғон мекард, Лутфия буд.
Воқеаро ба раис ва миршаб хабар доданд, онҳо ҳозир шуда пурсуков карданд, нишони қотилро ҷустанд, аммо ҳеҷ нишоне аз ӯ наёфтанд.
Дар бозгашт раис ба миршаб мегуфт:
– Дар ин воқеа гуноҳи шумо ҳам ҳаст. Қӯрбошиҳоятон маҳаллоти шаҳрро дурустакак дидбонӣ карданашон лозим буд. Ман намедонам, акнун шумо ба ҷаноби ҳоким чӣ ҷавоб медода бошед. Бойбача аз муътабарони шаҳр ва аз муқаррабони ҷаноби ҳоким буд.
Раис кайҳо боз кӯшиши ниҳонӣ дошт, ки аз миршаб айбе ёфта, ба ҳоким арз карда, ӯро аз амалаш бекор ва ба ҷояш як нафар хеши худро таъин кунонад. Миршаб, ки инро медонист, ба хавфу ҳарос афтод. Ӯ барои ин ки:
«Корро саҳл гирифт, қотилро ёфта натавонист» гуфта ба болояш айб монда натавонанд, рӯзи дигар бе ҳеҷ далелу исботи гуноҳ Назирро ба ҳабс гирифт. Назир шаб дар ҳавлии беруни бойбача, дар айвони меҳмонхонаи ӯ мехобид. Миршаб раису ҳокимро бовар кунонд, ки: назар ба гуфти хешовандони мақтул, «ин дохунда» дар чанд рӯзи охир чашмаш беҷо шудааст. Бешакку шубҳа вай ё худаш қотил ё шарики қотил аст!
Ба ҳамин тариқ гунаҳгории Назир аз рӯйи зарбулмасали: «Риши ӯ зард аст, ин ҳам як далел» исбот карда шуд...
Бо фармони Акрамхони ҳокими Ғузор, ки он рӯзҳо ба сабаби дар Қаршӣ ба ҳузури амир будани Остонақул ҳукумати Шаҳрисабз муваққатан ба уҳдаи ӯ буд, Назир ва боз як нафар ҷинояткори дигари ба куштан ҳукмшударо таҳтулҳифзи ду ясавули мусаллаҳ ба Бухоро равона карданд. Ин ҷинояткорон мебоист то ба пойтахти худ баргаштани амир дар зиндони Бухоро мехобиданд.
Ясавулон шаб дар роҳ ба кадом як корвонсарой фуромада, бандиҳои дасту пой бастаро дар ҳуҷрае ҳабс ва дари ҳуҷраро қуфл карда ба хоб рафтанд.

пешина
аз 471
навбатӣ