Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Саҳар хеста дари ҳуҷраро мекушоянд, ки як бандӣ хобидаасту дигараш нест. Назир ғоиб буд. Аз таги девори ҳуҷра ба тарафи беруни сарой сӯрохе ба қадри даҳони оташдон во шуда буд. Назир ба чӣ восита дасту пойи бастаашро кушод, ин нақбро чӣ гуна канд ва чӣ тавр гурехт, маълум набуд. Ясавулҳои ҳайрону ҳаросон бандии дуюмро ба тоб гирифтанд, аммо вай: «ман хоб будам, надидам, нашунидам, намедонам» гуфта истодан гирифт...
Мероси Иноятуллоҳ-бойбачаро авлодаш ва занҳояш тақсим карда гирифтанд. Ба духтарони вай амаки яккабоғиашон васӣ шуд. Ҳавлии гузари Ғозиён ба фурӯш рафт. Ба Хайрӣ ва Лутфия як қисми асбобу анҷоми рӯзгорашон вараса шуда, онҳоро аз ҳавлиҳо кӯчонданд. Хайрӣ бо модараш ба кулбаи пештараашон баргаштанд; Лутфия ба хонаи модараш кӯчид.
Дар рӯзҳои обу оши мурда ва тақсими мероси ӯ Лутфия, албатта, бо Амирқул вохӯрда натавонист. Баъди аз ҳавлии пушти ӯрда кӯчиданаш ҳам ду рӯз гузашт, ӯ ба Амирқул аз худ дарак надод.
Аммо Амирқул ҳам барои бо ӯ вохӯрдан ҳаракате намекард, чунки ӯро ҳабси Назир ғамгин ва парешонхотир карда монда буд. Ӯ бо Назир мисли додару бародар шуда монда буданд, Амирқул ӯро дӯсти ягонаи худ медонист, бинобар ин гирифтории Назири бегуноҳ ӯро сахт дар азоби рӯҳӣ андохт. Рӯз ба нишастан ҷой намеёфт, шаб хобҳои парешону воҳиманок медид. Дар дилаш як зайл ба худ, ба ишқи худ, ба Лутфия лаънатҳо хонда мегуфт: «аз боиси як зан одамкуш шудам, ба хуни дӯсти ғарибу мусофирам зомин ҳам шудам. Аз ин рӯз мурданам авлотар набуд?» Ӯ ташнаи дӯсте буд, ки ба вай рози дилашро гуфта тавонад, дарду ҳасрат кунад, маслиҳат пурсад, аммо чунин дӯсте надошт. Дӯсташ Назир ба касофати ӯ ва ба ҷойи ӯ зиндон шуд, акнун теғи ҷаллод дар гулӯи он бегуноҳ аст.
Ягона касе, ки Амирқул бо вай дар ин бора гап зада метавонист, Лутфия буд, аммо вай ҳам аз худ ҳеҷ дараке намедиҳад.

пешина
аз 471
навбатӣ