АХТАРОНИ АДАБ

Бинед, аз он Назири чорпаҳлу, аз Назири шикорчии кӯҳгарди паҳлавон чӣ мондааст! Сояе мондаасту халос.
Ба чашми ҳаммолон ҳам об омад, онҳо бо остинҳои дарида ашки худро пок карданд. Мутаваллӣ бо як даст шамъро нигоҳ дошта ва бо дасти дигар ришашро гирифта бо камоли тааҷҷуб ба Восеъ ва Назир менигарист.
– Магар ӯ бародари туст?
– Ҳо, тақсир, – гуфт Восеъ. – Ман аз Балҷувон ба суроғи ӯ омада будам, якуним моҳ боз ӯро меҷӯям. Аз ёфтанаш ноумед шуда ба ватанам баргаштанӣ будам, шукр имрӯз аз шарофати ин ҳамватанон, – ӯ ба ҳаммолон ишора кард, – бародарамро ёфтам.
Назир сари худро ба китфи Восеъ гузошта, чашмони хушкашро пӯшида орому хомӯш менишаст. Зоҳиран ӯ на ёрои гап задан дошт ва на маҷоли гиристан.
– Бародари бечораам, ғарибам... Ин чӣ кулфате буд, ки ба сари ту омад?.. Ту чӣ тавр ба ин зиндон, ба ин лаҳад ғалтидӣ?..
– Тақдир... тақдир... – пичиррос мезад Назир.
– Ту зиндону лаҳад нагӯй, ки кофир мешавӣ, – Восеъро насиҳатомез огоҳ карда монд мутаваллӣ. – Астағфируллоҳ гӯй, бандаи Худо, ин ҷо чиллахонаи ҳазрати Шоҳи Зинда аст. Дар ин ҷо бандагони осӣ ба даргоҳи Худо тавба мекунанд, аз гуноҳ пок мешаванд. Ин мард намедонам чӣ гуноҳе карда будааст, як нафар ҳамшаҳрии муллояш вайро ба ин ҷо оварда монд. То чил шабу чил рӯз дар ин чиллахона нишаста, рӯзе ба дуто нон ва як коса об қаноат карда ба даргоҳи Ҳақ тавба кунад.
– Ин бечора гуноҳе накардааст, ки тавба кунад, тақсир,
– гуфт Восеъ. Акнун боз овози ӯ монанди пештара батамкин ва ҷиддӣ гашта буд. – Гуноҳаш ҳамин, ки ғариб аст, бекасу кӯй аст. Гунаҳгор он ноинсофоне ҳастанд, ки ба ӯ туҳмат зада дар ин балоҳо андохтаандаш. Ба чилла онҳо шинанд!
– Тавба кун, э муъмин, тавба кун! Банда бегуноҳ намешавад. Ҳамаи мо ба даргоҳаш гунаҳгорем, осием.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё