Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Ӯ мурда мемонад, тақсир; бинед, маҷоли ҷунбиданаш ҳам намондааст. Ман имрӯз дарак карда ягон ҷой меёбаму пагоҳ ӯро гирифта мебарам; то тавонистанам як ду ҳафта парвояш мекунам, ки ба худ ояд.
Назир боз бо овози хастаи нимшунаво гуфт:
– Мадрасаи Тиллокорӣ бирав. Мулло Сафар дар он ҷост. Ӯро пурс. Мадрасаи Тиллокорӣ... Ӯ маро ба ин ҷо овард...


Ҳаммолон Восеъро аз Шоҳи Зинда рост ба Регистон бурда мадрасаи Тиллокориро нишон доданд.
Ӯ аз муллоҳои дар таги пештоқи мадраса нишаста Мулло Сафарро пурсид, онҳо ҳуҷраи муллоро нишон доданд ва гуфтанд, ки ӯ ду–се–рӯза ба кадом ҷое баромада рафта буд, бояд ҳамин рӯз ё пагоҳ омада монад. Дари ҳуҷраи мулло қуфл буд.
Восеъ боз ба Шоҳи Зинда рафт. Дар қарибии мазор бозорчае буд, ӯ дар он бозор як коса шир, дуто кулчаи ширмол хариду мутаваллиро ёфта ба дасташ дод, хоҳиш кард, ки ба Назир расонад. Худаш то шаб ду бор ба мадрасаи Тиллокорӣ рафта хабар гирифт, аммо дари ҳуҷраи Мулло Сафар ҳамоно қуфл буд. Мулло фақат бегоҳии рӯзи дигар пайдо гардид. Восеъ ба қабати дуюми бинои мадраса баромада ба ҳуҷраи тангу тор ва бетирезаву равзанае дохил шуда, пирамарди харобаки гарданборик ва рангзардеро дид, ки дар паси хонтахтаи пастак нишаста, китоберо бо ду даст ба чашмони айнакдораш наздик бурда мутолиа мекард.
Дар фарши хиштини ҳуҷра намади дарида, як кӯрпачаи куҳна ва як лӯлаболишти чиркин, бар рӯйи хонтахта давоту қалам ва чанд нусха китоби дигари фарсуда паҳну парешон хобида буданд. Дар кунҷи поёнии ҳуҷра ба паҳлуи дар оташдоне ва дар болои оташдон дегчае ба назар мерасид. Аз покизагии даруни оташдон ва набудани ҳезум маълум шуда меистод, ки дар таги дегча дербоз оташ дарнагирифтааст.

пешина
аз 471
навбатӣ